Дар Тоҷикистон беҳтарин мактаби русиро интихоб мекунанд

© Sputnik / Амир ИсаевШкольники на уроке, архивное фото
Школьники на уроке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2021
Обуна шудан
Озмун имкон медиҳад беҳтарин усулҳои омӯзишӣ ва сатҳи омӯзишдиҳиро ба забони русӣ дар хориҷ аз кишварро муайян созад
ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон озмуни беҳтарин мактаби русӣ баргузор мешавад. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати маорифи Русия хабар додааст.
Ба гуфтаи ташкилкунандагон, озмун имкон медиҳад, ки сифати таълими забони русӣ дар хориҷ аз кишвар арзёбӣ карда шавад.
Ҳамчунин ин озмун беҳтарин усулҳои омӯзишӣ ва сатҳи омӯзишдиҳиро муайян мекунад ва дар дигар муассисаҳои таълимӣ паҳн карда шаванд.
Ҳамин гуна озмунҳо дар Ӯзбекистон ва Қирғизистон низ баргузор мешаванд. Вазирони маорифи кишварҳо зимни як вохӯрӣ, ки бо ташаббуси сардори Вазорати маорифи Русия Сергей Кравцов баргузор шуд, оид ба ташкили озмунҳо ба мувофиқа расиданд.
Лицей №3 в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2021
Замони бунёди мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон маълум шуд
Намояндагони кишварҳо таҳияи лоиҳаҳои башардӯстонаеро, ки ба дастгирии омӯзишу парвариши ва таълими забони русӣ дар ин давлатҳо равона шудааст, баррасӣ карданд.
Кравцов таъкид кард, ки Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистонро таърихи умумӣ ва ҳамкории пурсамари дарозмуддат бо ҳам мепайвандад. Аз ин рӯ, кишварҳо бояд барои эҷоди фазои муштараки таълимӣ кор кунанд.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон то сентябри соли 2022 сохтмони 5 мактаби русиро ба анҷом расонида шавад, ки ҳар яки онҳо метавонанд то 1200 хонандаро қабул намояд.
Председатель правительства РФ Михаил Мишустин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2020
Русия барои сохтмони мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон 30 миллион доллар ҷудо кард
Вазорат маорифи Русия қайд кардааст, ки ҳамин тариқ, кӯдакон ба таҳсилоти муосир дастрас пайдо мекунанд.
Муассисаҳои таълимӣ дар панҷ шаҳр: Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода сохта мешаванд.
Ҳамчунин, 50 омӯзгори рус аз 18 минтақаи Русия дар мактабҳои тоҷикӣ кор мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0