https://sputnik.tj/20210801/shikoyati-sokinoni-shahritus-raisi-viloyati-hatlon-1041342626.html
Шикояти сокинони ноҳияи Шаҳритус ба раиси вилояти Хатлон
Шикояти сокинони ноҳияи Шаҳритус ба раиси вилояти Хатлон
Sputnik Тоҷикистон
Дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳритус раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода қабули сайёри шаҳрвандонро баргузор кард
2021-08-01T18:15+0500
2021-08-01T18:15+0500
2021-08-01T18:15+0500
дар тоҷикистон
шаҳритус
шикоят
сокинон
хатлон
раиси вилоят
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102796/34/1027963487_0:0:1000:563_1920x0_80_0_0_f2e906501b61e54d53e03a023bd60c67.jpg
ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар додааст, ки дар соатҳи аввал беш аз даҳ сокини ноҳия бо арзу матлаби худ ба раиси вилоят муроҷиат карданд.манбаъ иттилоъ додааст, ки роҳбари Ассосиатсияи истифодабарандагони оби "Дӯстӣ" Мелиқузӣ Саидов ва сокини деҳаи Ё. Каримов доир ба зарурати тоза намудани заҳбуру заҳкашҳои деҳаҳои ноҳия, сокинони деҳаҳои Қаҳрамон ва Қумшоҳ оид ба ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, сокинони деҳаи Бинокор ва деҳаи Лочин Нуров роҷеъ ба ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ масъалагузорӣ намуданд.Қайд карда шудааст, ки сокинон ҳамчунин вобаста ба ҳалли масъалаҳои марбут ба кумакҳои иҷтимоӣ, иҷозаи сохтмони ошхона дар ҳудуди боғи марказии ноҳия, мустаҳкам намудани 15 км соҳили дарёи Кофарниҳон мусоидату ёрии роҳбари вилоятро дархост карданд.дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон таъкид доштааст, ки раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода барои ҳаллу фасли масъалаҳои мазкур ба масъулони ташкилотҳои дахлдори вилоятӣ ва ноҳиявӣ супоришҳои дахлдор додааст.манбаъ зикр кардааст, ки пас аз қабули сайёри шаҳрвандон раиси вилоят ҳисоботи раиси ноҳияи Шаҳритус Ҷаббори Ғаффорро доир ба натиҷаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии ноҳия шунидад.“Бароии фавран ислоҳ намудани камбудиҳо дар самти ҷамъоварии андозҳо, ҳосилғундорӣ аз майдонҳои кишт ва кишти такрорӣ, бунёди бунгоҳҳои тиббӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, омодагии муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ ва фарҳанг ба зимистонгузаронӣ, ташкили ҷойҳои корӣ дастур дода шуд”, - қайд кардааст манбаъ.
https://sputnik.tj/20210705/asadullo-rahmon-qurbon-hakimzoda-danghara-hatti-obu-roh-1040650286.html
шаҳритус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102796/34/1027963487_0:0:888:666_1920x0_80_0_0_a3f6cfdaead26340c76894523907077e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хатлон, шикоят, сокинон шаҳритус
тоҷикистон, хатлон, шикоят, сокинон шаҳритус
Шикояти сокинони ноҳияи Шаҳритус ба раиси вилояти Хатлон
Дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳритус раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода қабули сайёри шаҳрвандонро баргузор кард
ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар додааст, ки дар соатҳи аввал беш аз даҳ сокини ноҳия бо арзу матлаби худ ба раиси вилоят муроҷиат карданд.
манбаъ иттилоъ додааст, ки роҳбари Ассосиатсияи истифодабарандагони оби "Дӯстӣ" Мелиқузӣ Саидов ва сокини деҳаи Ё. Каримов доир ба зарурати тоза намудани заҳбуру заҳкашҳои деҳаҳои ноҳия, сокинони деҳаҳои Қаҳрамон ва Қумшоҳ оид ба ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, сокинони деҳаи Бинокор ва деҳаи Лочин Нуров роҷеъ ба ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ масъалагузорӣ намуданд.
Қайд карда шудааст, ки сокинон ҳамчунин вобаста ба ҳалли масъалаҳои марбут ба кумакҳои иҷтимоӣ, иҷозаи сохтмони ошхона дар ҳудуди боғи марказии ноҳия, мустаҳкам намудани 15 км соҳили дарёи Кофарниҳон мусоидату ёрии роҳбари вилоятро дархост карданд.
дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон таъкид доштааст, ки раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода барои ҳаллу фасли масъалаҳои мазкур ба масъулони ташкилотҳои дахлдори вилоятӣ ва ноҳиявӣ супоришҳои дахлдор додааст.
манбаъ зикр кардааст, ки пас аз қабули сайёри шаҳрвандон раиси вилоят ҳисоботи раиси ноҳияи Шаҳритус Ҷаббори Ғаффорро доир ба натиҷаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии ноҳия шунидад.
“Бароии фавран ислоҳ намудани камбудиҳо дар самти ҷамъоварии андозҳо, ҳосилғундорӣ аз майдонҳои кишт ва кишти такрорӣ, бунёди бунгоҳҳои тиббӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, омодагии муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ ва фарҳанг ба зимистонгузаронӣ, ташкили ҷойҳои корӣ дастур дода шуд”, - қайд кардааст манбаъ.