https://sputnik.tj/20210801/hisor-700-inshooti-jashni-1041338836.html
Дар шаҳри Ҳисор беш аз 700 иншооти ҷашнӣ бунёд шуд
Дар шаҳри Ҳисор беш аз 700 иншооти ҷашнӣ бунёд шуд
Sputnik Тоҷикистон
Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода аз бунёди беш аз 700 иншооти ҷашнӣ хабар дод
2021-08-01T12:12+0500
2021-08-01T12:12+0500
2021-08-01T12:19+0500
дар тоҷикистон
саноат
ҳисор
коргоҳ
иншоот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102926/74/1029267490_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_e9b28a9947c5a4c4abd0a098f7145c36.jpg
ДУШАНБЕ, 1 авг – Sputnik. Дар шаҳри Ҳисор бахшида ба 30-солагии Истиқлол ва Солҳои рушди деҳот (2019-2021), бунёди 866 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 722 адади он ба баҳрабардорӣ расидааст, гуфт дар нишасти хабарӣ раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода.Иттилоъ дода шуд, ки бо ташаббуси сокинони шаҳри Ҳисор ва соҳибкорони маҳаллӣ танҳо дар ҷашни Наврӯз 111 иншоот ва дар арафаи таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ 185 иншоот ба истифода дода шуд.Ҷумазода ҳамчунин гуфт, ки дар шаҳри Ҳисор, 74 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд. Корхонаҳои мазкур маҳсулоти саноати сабук, нӯшокии машруботӣ, маҳсулоти нафтӣ, оҳан ва маводи сохтмонӣ истеҳсол мекунанд.То ин давра марҳилаи сеюми коргоҳи истеҳсоли бомпӯшҳои ранга дар назди ҶДММ "Истеҳсоли турба ва профили тоҷик" бо иқтидори истеҳсоли 500 ҳазор дона бомпӯш дар як сол бо таъсиси 15 ҷойи кор, корхонаи истеҳсоли бомпӯши ҶДММ "Юсуфҷон-2020" бо иқтидори истеҳсоли 500 ҳазор дона бомпӯш дар як сол бо таъсиси 20 ҷойи кор ба баҳрабардорӣ расидааст.Ҳамчунин, корхонаи истеҳсоли зарфҳои калонҳаҷми пластикӣ аз ҷониби ҶДММ "Импекс Компания" бо таъсиси 10 ҷойи кор, корхонаи коркарди санги ҶДММ "Авесто гурӯҳ" бо таъсиси 11 ҷойи кор ва корхонаи истихроҷи қуму шағали ҶДММ "Сарвати саноат" бо таъсиси 7 ҷойи кор мавриди истифода қарор дода шуданд.
https://sputnik.tj/20210611/bonuvon-uzbeku-qirghiz-qalai-hisor-1040168709.html
ҳисор
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102926/74/1029267490_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_3d5bb308d6191c57b9771e2aa03a0843.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бунёд, иншооти ҷашнӣ, ҳисор,
бунёд, иншооти ҷашнӣ, ҳисор,
Дар шаҳри Ҳисор беш аз 700 иншооти ҷашнӣ бунёд шуд
12:12 01.08.2021 (Навсозишуда: 12:19 01.08.2021) Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода аз бунёди беш аз 700 иншооти ҷашнӣ хабар дод
ДУШАНБЕ, 1 авг – Sputnik. Дар шаҳри Ҳисор бахшида ба 30-солагии Истиқлол ва Солҳои рушди деҳот (2019-2021), бунёди 866 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 722 адади он ба баҳрабардорӣ расидааст, гуфт дар нишасти хабарӣ раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода.
Иттилоъ дода шуд, ки бо ташаббуси сокинони шаҳри Ҳисор ва соҳибкорони маҳаллӣ танҳо дар ҷашни Наврӯз 111 иншоот ва дар арафаи таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ 185 иншоот ба истифода дода шуд.
Ҷумазода ҳамчунин гуфт, ки дар шаҳри Ҳисор, 74 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд.
Корхонаҳои мазкур маҳсулоти саноати сабук, нӯшокии машруботӣ, маҳсулоти нафтӣ, оҳан ва маводи сохтмонӣ истеҳсол мекунанд.
То ин давра марҳилаи сеюми коргоҳи истеҳсоли бомпӯшҳои ранга дар назди ҶДММ "Истеҳсоли турба ва профили тоҷик" бо иқтидори истеҳсоли 500 ҳазор дона бомпӯш дар як сол бо таъсиси 15 ҷойи кор, корхонаи истеҳсоли бомпӯши ҶДММ "Юсуфҷон-2020" бо иқтидори истеҳсоли 500 ҳазор дона бомпӯш дар як сол бо таъсиси 20 ҷойи кор ба баҳрабардорӣ расидааст.
Ҳамчунин, корхонаи истеҳсоли зарфҳои калонҳаҷми пластикӣ аз ҷониби ҶДММ "Импекс Компания" бо таъсиси 10 ҷойи кор, корхонаи коркарди санги ҶДММ "Авесто гурӯҳ" бо таъсиси 11 ҷойи кор ва корхонаи истихроҷи қуму шағали ҶДММ "Сарвати саноат" бо таъсиси 7 ҷойи кор мавриди истифода қарор дода шуданд.