https://sputnik.tj/20210801/halokat-24-sola-tojik-nu-york-1041337548.html
Ҳалокати донишҷӯи тоҷик дар садамаи нақлиётӣ дар Ню-Йорк: донандаи 5 забон буд
Ҳалокати донишҷӯи тоҷик дар садамаи нақлиётӣ дар Ню-Йорк: донандаи 5 забон буд
Sputnik Тоҷикистон
Ҷавони тоҷик дар паси бархӯрд бо мошини боркаш ҷони худро аз даст дод
2021-08-01T10:01+0500
2021-08-01T10:01+0500
2021-08-01T11:52+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ню-йорк
садамаи нақлиётӣ
даргузашт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/01/1041337395_0:0:641:361_1920x0_80_0_0_e8eab9565a62260f536f48ad902c9f8d.jpg
ДУШАНБЕ, 1 авг – Sputnik. Ҷавони 24 -солаи тоҷик Иброҳим Азизов дар шаҳри Ню-Йорк дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ фоҷиабор ба ҳалокат расид.Дар ин бора рӯзноманигори тоҷики муқими Амрико, Талабшо Муқимов дар саҳифааш дар Instagram хабар додааст.Бино ба гузориш, садама субҳи рӯзи 31 июл соати 5 ба вуқӯъ пайвастааст.Дар яке аз ҷодаҳои Манхэттен худрави ҷавони тоҷик - Рикша (мошини сечархаи мусофирбар - шарҳ аз идора) бо мошини боркаш бархӯрдааст.Ба қавли Талабшо Муқимов Иброҳим - ҷавони ботарбияву босавод, хушрафтор ва донандаи забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, чинӣ ва туркӣ будаасту ба варзиш ҳам шуғл доштааст.Донишҷӯи тоҷик, дар вақтҳои фориғ аз дарс дар сечархаи мусофирбари Рикша кор мекардааст. Ҳамкорони ӯ бо аҳли хонаводааш изҳори ҳамдардӣ мекунанд."Ҳама ронандагони ин ҷода, ки аз кишвархои гуногунанд аз ӯ имрӯз бо чашми гирён ёд мекунанд. Иброҳими ҷавонмарг акнун нақшаҳои худро нотамому орзуҳои Падару Модарашро бо худ бурд", - омадааст дар нома.Дар зери наворе, ки Талабшо Муқимов ба ёди ҷавони ғӯрамарг нашр кардааст, корбарону ёру дӯстон бо аҳли хонаводаи марҳум изҳори ҳамдардӣ карда ба падару модари ҷавон сабри ҷамил хостаанд.
ню-йорк
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/01/1041337395_0:0:641:481_1920x0_80_0_0_ed5bce8f8c1b51f1b69c5c8359fdf97f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
садамаи нақлиётӣ, ню-йорк, ҷавони тоҷик
садамаи нақлиётӣ, ню-йорк, ҷавони тоҷик
Ҳалокати донишҷӯи тоҷик дар садамаи нақлиётӣ дар Ню-Йорк: донандаи 5 забон буд
10:01 01.08.2021 (Навсозишуда: 11:52 01.08.2021) Ҷавони тоҷик дар пайи бархӯрд бо мошини боркаш ҷони худро аз даст дод
ДУШАНБЕ, 1 авг – Sputnik. Ҷавони 24 -солаи тоҷик Иброҳим Азизов дар шаҳри Ню-Йорк дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ фоҷиабор ба ҳалокат расид.
Дар ин бора рӯзноманигори тоҷики муқими Амрико, Талабшо Муқимов дар саҳифааш дар
Instagram хабар додааст.
Бино ба гузориш, садама субҳи рӯзи 31 июл соати 5 ба вуқӯъ пайвастааст.
Дар яке аз ҷодаҳои Манхэттен худрави ҷавони тоҷик - Рикша (мошини сечархаи мусофирбар - шарҳ аз идора) бо мошини боркаш бархӯрдааст.
Дар натиҷа Иброҳим Азизов ҷавони 24 - солаи тоҷик ба ҳалокат расидааст.
Ба қавли Талабшо Муқимов Иброҳим - ҷавони ботарбияву босавод, хушрафтор ва донандаи забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, чинӣ ва туркӣ будаасту ба варзиш ҳам шуғл доштааст.
"Дорои хислатҳои неки инсонӣ, ҷавони бо нангу номус ва Ватандӯст буд", - навиштааст Талабшо.
Донишҷӯи тоҷик, дар вақтҳои фориғ аз дарс дар сечархаи мусофирбари Рикша кор мекардааст. Ҳамкорони ӯ бо аҳли хонаводааш изҳори ҳамдардӣ мекунанд.
"Ҳама ронандагони ин ҷода, ки аз кишвархои гуногунанд аз ӯ имрӯз бо чашми гирён ёд мекунанд. Иброҳими ҷавонмарг акнун нақшаҳои худро нотамому орзуҳои Падару Модарашро бо худ бурд", - омадааст дар нома.
Дар зери наворе, ки Талабшо Муқимов ба ёди ҷавони ғӯрамарг нашр кардааст, корбарону ёру дӯстон бо аҳли хонаводаи марҳум изҳори ҳамдардӣ карда ба падару модари ҷавон сабри ҷамил хостаанд.