Таъмир: фурудгоҳи Душанбе як моҳ рӯзона баста хоҳад буд

© Foto / Дафтари матбуоти раисиҷумҳури ҚирғизистонИстиқбол аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар фурудгоҳи Исиқкӯли Қирғизистон
Истиқбол аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар фурудгоҳи Исиқкӯли Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2021
Обуна шудан
Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба далели таъмиру таҷдиди хатти парвозу фурӯд давоми як моҳ дар қабулу гусели ҳавопаймоҳо маҳдудият ҷорӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 31 июл – Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ба далели корҳои таъмирӣ дар фурудгоҳи Душанбе эълон кардааст, реҷаи парвозҳо тағйир ёфтааст.
Таъкид шудааст, ки Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳангоми корҳои таъмирӣ аз соати 8:00 то 19:00 баста хоҳад шуд
“Сомон Эйр” эълон намудааст, ки ҳамаи парвозҳои ширкат шабона ва субҳи барвақт анҷом дода мешаванд.
“Мусофирони хатсайрҳое, ки вақти парвозашон тағйир ёфтааст, пешакӣ огоҳонида мешаванд”, - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки корҳои таъмирӣ дар хатти парвози Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз 1 август то 1 сентябр идома хоҳад кард.
Барои гирифтани маълумоти зарурӣ масъулини ширкат рақамҳои +992 (93) 777 74 59, +992 (44) 640 40 49 ва +992 (44) 640 40 50 – ро пешниҳод намудаанд.
Ин тағйирот дар ҳолест, ки феълан талабот ба чиптаҳои ҳавопаймоӣ, махсусан дар масири шаҳрҳои Русия зиёд буда, корафтодагон борҳо масъулини ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва мақомоти дахлдорро барои беназоратӣ дар соҳа ва нархҳои гарони чипта танқид кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0