Таъсиси Шӯрои муштараки соҳибкорони Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳиддаи Араб

© Sputnik / Амир ИсаевПресс-конференция Торгово-промышленной палаты Таджикистана
Пресс-конференция Торгово-промышленной палаты Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2021
Обуна шудан
Миёни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Федератсияи палатаҳои савдо ва саноати АМА ё Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Миёни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Федератсияи палатаҳои савдо ва саноати АМА Ёддошти тафоҳум оид ба таъсиси Шӯрои муштараки соҳибкорони Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳиддаи Араб ба имзо расонида шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ин ниҳод.
Ба иттилои манбаъ, санаи 29-уми июли соли равон ба таври маҷозӣ ҷаласаи 4-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ баргузор гардид.
Гуфта шудааст, ки Ёддошти тафоҳум миёни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Федератсияи палатаҳои савдо ва саноати АМА Ёимни зимни баргузории ҷаласаи мазкур ба имзо расид.
ОАЭ направляет медицинскую помощь Таджикистану в борьбе с COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2020
Беш аз 10 тонна таҷҳизоти тиббӣ аз Аморати муттаҳидаи Араб ба Тоҷикистон расид
Таъкид шудааст, ки дар рафти ҷаласаи болозикр Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон, раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон қайд намуданд, ки баимзорасонии санади мазкур метавонад барои рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии кишварҳо ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни соҳибкорони ҳарду кишвар, заминаи мусоид фароҳам оварад.
Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ (АМА)18 декабри соли 1995 барқарор шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0