https://sputnik.tj/20210730/rahmon-lahiston-terrorizm-afghoniston-1041312164.html
Раҳмон дар Лаҳистон аз муқовимат бо терроризму вазъи хароби Афғонистон гуфт
Раҳмон дар Лаҳистон аз муқовимат бо терроризму вазъи хароби Афғонистон гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Прокурорҳои Тоҷикистону Лаҳистон ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд муносибатҳои мустақими дуҷонибаро тақвият мебахшанд
2021-07-30T14:40+0500
2021-07-30T14:40+0500
2021-07-30T14:40+0500
дар ҷаҳон
сиёсат
лаҳистон
юсуф раҳмон
прокурор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103062/32/1030623216_295:306:3000:1827_1920x0_80_0_0_31ffc22b649d9e5f3d182a5a64e8e3d7.jpg
ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Прокурори генералии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзода бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Лаҳистон қарор дорад, хабар медиҳад дафтари матбуоти ин ниҳод.Ба иттилои манбаъ, Раҳмон бо ҳамтои лаҳистонии худ Богдан Свенчковский, прокурори ҳарбии он кишвар ва дигар шахсони расмӣ мулоқот доир намуд.Гуфта мешавад, зимни мулоқот масъалаҳои муқовимат ба терроризм ва экстремизм, ҷинояткории муташакили фаромиллӣ, таъмин ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон мавриди баҳсу баррасӣ қарор дода шуд.Ҳамзамон прокурорҳои ду кишвар ба вазъи феълии Афғонистон мудохила намуда, масъалаи таъсири ин вазъият ба минтақа ва ҷаҳонро муҳокима намуданд.Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд дар расондани ёрии ҳуқуқӣ ба парвандаҳои ҷиноятӣ, масълаҳои мубрами ҳуқуқӣ ва ниҳоятан муносибатҳои мустақими дуҷонибаро тақвият медиҳанд.
https://sputnik.tj/20210611/lahiston-safiri-navashro-tojikiston-firistod-1040159302.html
лаҳистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103062/32/1030623216_329:0:3000:2003_1920x0_80_0_0_f1d32a6c7417d28ccbbd160819314e24.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон лаҳистон
Раҳмон дар Лаҳистон аз муқовимат бо терроризму вазъи хароби Афғонистон гуфт
Прокурорҳои Тоҷикистону Лаҳистон ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд муносибатҳои мустақими дуҷонибаро тақвият мебахшанд
ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Прокурори генералии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзода бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Лаҳистон қарор дорад, хабар медиҳад дафтари матбуоти ин ниҳод.
Ба иттилои манбаъ, Раҳмон бо ҳамтои лаҳистонии худ Богдан Свенчковский, прокурори ҳарбии он кишвар ва дигар шахсони расмӣ мулоқот доир намуд.
Гуфта мешавад, зимни мулоқот масъалаҳои муқовимат ба терроризм ва экстремизм, ҷинояткории муташакили фаромиллӣ, таъмин ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон мавриди баҳсу баррасӣ қарор дода шуд.
Ҳамзамон прокурорҳои ду кишвар ба вазъи феълии Афғонистон мудохила намуда, масъалаи таъсири ин вазъият ба минтақа ва ҷаҳонро муҳокима намуданд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд дар расондани ёрии ҳуқуқӣ ба парвандаҳои ҷиноятӣ, масълаҳои мубрами ҳуқуқӣ ва ниҳоятан муносибатҳои мустақими дуҷонибаро тақвият медиҳанд.