Постгоҳи марзии Шаҳритус тармим шуд: назорати марз пурзӯр мешавад

© Sputnik Пограничный пост, архивное фото
Пограничный пост, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2021
Обуна шудан
Постгоҳи мазкур пас аз таъмиру тармим шудан иқтидори нерӯҳои сарҳадиро дар масъалаи ҷилавгирӣ аз вуруди кочоқи маводи музаддир баланд мебардорад
ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Дар минтақаи Шаҳритуси вилояти Хатлон постгоҳи марзӣ пас аз таъмиру тармим, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.
Бар хабари Сафорати Амрико дар Тоҷикистон, дар маросими супоридани постгоҳи марзӣ, кордори сафорати Амрико Ҷон Гинкел ва муовини фармондеҳи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, Саодатзода Раҷаб иштирок намуданд.
Гуфта мешавад, постгоҳ бо маблағи 570 ҳазор доллар бозсозӣ шуда, барои нерӯҳои марзбонӣ имконоти иловагӣ барои назорат ва посбонии марз бо Афғонистонро дар ин минтақа фароҳам меорад.
Совещание по подведению итогов учений Кавказ-2016 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2021
Шойгу: Пойгоҳи 201 Русия марзи Тоҷикистонро ҳимоя мекунад
Манбаъ меафзояд,иншооти мазкур иқтидори нерӯҳои сарҳадиро барои пайгирӣ ва пешгирии вайронкунии марзҳо ва муқовимат бо таҳдидҳои фаромиллӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, қочоқ ва ифротгароии зӯроварӣ, ба таври назаррас баланд мебардорад.
Қаблан вазири корҳои хориҷаи Русия Сергей Лавров зимни сафари худ ба Тоҷикистон изҳор дошт, ки ин кишвар дар марзи Тоҷикистону Афғонистон постгоҳи марзӣ месозад.
Лавров он замон қайд кард, ки дар ҷараёни муколама бо Сироҷиддин Муҳриддин, яке аз мавзӯъҳои муҳим муҳокимаи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон ҳам дар шакли СААД ва ҳам дар шакли созишномаҳои дуҷониба буд.
Ба гуфтаи Лавров Русия дар бунёди посгоҳи муосири марзӣ дар яке аз қитъаҳои марзи Тоҷикистону Афғонистон кумаки молӣ мерасонад.
Лентаи хабарҳо
0