https://sputnik.tj/20210730/margi-omor-giriftor-shifo-favt-koronavirus-tojikiston-1041300962.html
Марги дигар: эълони омори гирифторӣ, шифо ва фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон
Марги дигар: эълони омори гирифторӣ, шифо ва фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон тайи чанд рӯзи ахир бар пояи омори расмӣ якфавтӣ аз коронавирус сабт мешавад
2021-07-30T07:00+0500
2021-07-30T07:00+0500
2021-07-30T07:00+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
гирифторон
вазорати тандурустӣ
эъломи омори муътодон
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103147/54/1031475439_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_c64c688f8eaee45b560599bb83160437.jpg
ДУШАНБЕ, 29 июл - Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави гирифторӣ, табобат ва марг аз коронавирусро, ки дар 24 соати гузашта сабт шуд, нашр кард.Бино бар иттилои манбаъ, тайи шабонарӯзи охир, 84 ҳолати нави гирифторӣ ошкор гардидааст.Ҳамзамон вазорат хабар додааст, ки дар давоми шабонарӯзи ахир, аз ин беморӣ як нафар ҷон бохтааст. Ҳамин тавр теъдоди умумӣ ҷонбохтагон ба 121 нафар расид.Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз дар кишвар 14929 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 14389 нафар шифо ёфтаанд.Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват кардааст, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.Ин ниҳод рӯзи 21 июн аз сар задани мавҷи дуюми коронаиврус хабар дод ва сипас ваксингирии ҳатмӣ барои афроди аз 18 - сола болоро ҷорӣ кард.Ҳоло дар Тоҷикистон ба мардум се намуд ваксин AstraZeneca, Moderna ва дигаре CoronaVac пешниҳод мешавад.
https://sputnik.tj/20210729/abror-nazarov-giriftor-virusi-korona-1041292470.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103147/54/1031475439_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_b557220a6e5842ed19d8352ee7d7d63e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
марги дигар, эълони омор, гирифторӣ, шифо, фавт, коронавирус, тоҷикистон
марги дигар, эълони омор, гирифторӣ, шифо, фавт, коронавирус, тоҷикистон
Марги дигар: эълони омори гирифторӣ, шифо ва фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон тайи чанд рӯзи ахир бар пояи омори расмӣ якфавтӣ аз коронавирус сабт мешавад
ДУШАНБЕ, 29 июл - Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави гирифторӣ, табобат ва марг аз коронавирусро, ки дар 24 соати гузашта сабт шуд, нашр кард.
Бино бар иттилои манбаъ, тайи шабонарӯзи охир, 84 ҳолати нави гирифторӣ ошкор гардидааст.
"Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 84 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин 76 нафар шифо ёфтанд", - омадааст дар иттилоия.
Ҳамзамон вазорат хабар додааст, ки дар давоми шабонарӯзи ахир, аз ин беморӣ як нафар ҷон бохтааст. Ҳамин тавр теъдоди умумӣ ҷонбохтагон ба 121 нафар расид.
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз дар кишвар 14929 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 14389 нафар шифо ёфтаанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват кардааст, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.
Ин ниҳод рӯзи 21 июн аз сар задани мавҷи дуюми коронаиврус хабар дод ва сипас ваксингирии ҳатмӣ барои афроди аз 18 - сола болоро ҷорӣ кард.
Ҳоло дар Тоҷикистон ба мардум се намуд ваксин AstraZeneca, Moderna ва дигаре CoronaVac пешниҳод мешавад.