Коҳиши тавлиди барқ дар Тоҷикистон: резиши об ба дарёи Вахш кам шуд

© Sputnik / Игорь Михалев / Гузариш ба медиабонкНурекская ГЭС
Нурекская ГЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2021
Обуна шудан
Муовини якуми раиси ширкати “Барқи Тоҷик”, сабаби кам гардидани истеҳсоли неруи барқро дар неругоҳҳои барқи обӣ, ба маҳдуд гардидани захираҳои обӣ-энергетикӣ аз ҳисоби кам шудани резиши об дар маҷрои дарёи Вахш рабт дод
ДУШАНБЕ, 30 июл – Sputnik. Тавре Маҳмадумар Асозода, муовини якуми раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи “Барқи Тоҷик”, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар давоми шаш моҳи аввали соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ 7 млрд. 588,4 млн. кВт. соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020 дар ҳаҷми 401,2 млн. кВт. соат кам мебошад.
“Бо мақсади таъмини соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолии ҷумҳурӣ бо неруи барқ дар шашмоҳаи якуми соли равон ширкати “Барқи Тоҷик” дар ҳаҷми 2 млрд. 378,7 млн. кВт. соат неруи барқро ба маблағи умумии 887,5 млн. сомонӣ харидорӣ намуд, - гуфт ҷаноби Асозода.
Ҳамчунин вай қайд кард, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2020 хариди неруи барқ дар ҳаҷми 235,6 млн.кВт.соат ё ба маблағи 223,6 млн.сомонӣ зиёд гардидааст.
Снятие показаний с приборов учета электроэнергии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2021
Нархи қувваи барқ чӣ қадар гарон мешавад? шарҳи "Барқи тоҷик"
муовини якуми раиси ширкати “Барқи Тоҷик” илова кард, ки ҳаҷми содироти неруи барқ ба хориҷи ҷумҳурӣ дар ба 914,9 млн. кВт. Соат баробар шуда, неруи барқ асосан ба Афғонистон дар ҳаҷми 457,9 млн.кВт.соат ба маблағи 20,1 млн. доллар ва ба Ӯзбекистон дар ҳаҷми 448,2 млн. кВт. Соат ба маблағи 8,9 млн. доллар содирот шудааст.
Лентаи хабарҳо
0