Эрон барандаи Ҷоми байниқораии футзал шуд

© сомонаи FFT.tjМунтахаби тоҷикистон оид ба футзал баъди ғолибият бо тими Қувайт
Мунтахаби тоҷикистон оид ба футзал баъди ғолибият бо тими Қувайт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2021
Обуна шудан
Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон, ки дар мусобиқаи байналмилалии “Continental Futsal Championship 2021” соҳиби ҷои панҷум гашт
ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Дастаҳои миллии футзали Эрон ва Таиланд имрӯз дар финали мусобиқаи “Continental Futsal Championship 2021” ба масофи ҳам рафтанд, ки дар ин бозӣ Эрон бо натиҷаи 5 бар як пирӯз шуд, иттилоъ додааст хабаргузории садо ва симои Эрон.
Тими эронӣ барои ба финал роҳ ёфтан дастаи Ӯзбекистонро бо ҳисоби 7 бар 5 шикаст дод.
Тими Ӯзбекистон ҳам бо пирӯзии 4 бар сифр дастаи Мисрро шикаст дод ва ба мақоми сеюми ин мусобиқа расид.
Тоҷикистон бо ғалабаи 3 бар 2 бар тими Мозамбика, дар ҷои панҷуми ин мусобиқа қарор гирифт.
Олимпийский чемпион Дилшод Назаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2021
Тоҷикистон ба пеш! Дилшод Назаров мунтахаби олимпиро рӯҳбаланд кард - видео
Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов ба Тайланд бо 14 бозигар – 2 дарвозабон ва 12 бозигари майдонӣ рафтааст.
Мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин бозиаш аз тими миллии Миср бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд. Баъдан бозиро ба мунтахаби Эрон бо ҳисоби бузурги 0:7 бохт ва дар даври охирини сабқати гурӯҳӣ мунтахаби Литваро бо ҳисоби 9:2 шикаст дод. Дар натиҷа мунтахаби Тоҷикистон бо се имтиёз дар гурӯҳи худ севум шуд ва барои ҷойи панҷум бо мунтахаби Мозамбик, ки дар гурӯҳи “А” ҷойи севумро гирифт, 30-юми июл рақобат кард.
Барои тими миллии футзали Тоҷикистон ширкат дар мусобиқа дар Бангкок яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 мебошад, ки моҳи апрели соли оянда баргузор хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0