Марзро ғайриқонунӣ гузаштанд: ҷазои шаҳрвандони Қирғизистон дар судҳои шаҳру навоҳии Суғд

© Sputnik / Руслан КривобокМолоток судьи, архивное фото
Молоток судьи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2021
Обуна шудан
Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ нисбати 19 шаҳрванди Қирғизистон ба далели убури ғайриқонунии сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби судҳои Суғд ҷазо таъйин карда шудааст
ДУШАНБЕ, 30 июл – Sputnik. Дар ин бора Бахтиёр Оқилзода, раиси Суди вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Бино ба гуфти Оқилзода парвандаи шаҳрвандони Қирғизистон бар асоси моддаи 335 (ғайриқонунӣ убур намудани сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон) и Кодекси ҷиноятӣ баррасӣ шудаааст.
“Чунин парвандаҳо нисбати шаҳрвандони Қирғизистон дар суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нисбати 13 нафар, дар суди шаҳри Исфара нисбати 3 нафар ва дар суди Конибодом нисбти 3 нафар моҳиятан баррасӣ шудааст”, - гуфт раиси Суди вилояти Суғд.
Бино ба гуфти Оқилзода аз шумори умумии парвандаи қирғизҳо нисбати 18 нафар ҷазои ҷаримавӣ ва нисбати 1 нафар ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ тадбиқ карда шудааст.
Дар Суди вилояти Суғд гуфтанд, ки давоми шаш моҳи аввали соли гузашта ҳам нисбати 18 шаҳрванди Қирғизистон аз рӯи чунин моддаи қонун дар судҳои шаҳру навоҳии Суғд парвандаи ҷинноӣ баррасӣ шуда буд.
Сотрудник пограничной службы КР на границе с Таджикистаном. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Тоҷикистон ва Қирғизистон барои таъйини 40 км марз ба мувофиқа расиданд
Марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон баъди даргирии мусаллаҳонаи 29 апрел баста шуд ва ҳоло номуаян аст, ки кай боз мешавад.
Ёдрас мешавем, ки дарозии марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон ба 970 километр мерасад.
Қисми сарҳади давлатӣ байни тоҷикону қирғизҳо давра ба давра ба минтақаи муноқиша байни аҳолии маҳаллӣ ё марзбонони ду кишвар мубаддал мегардад.
Сабаби асосӣ қаламравҳои тақсимнашуда аст, ҷонибҳо аз замони фурӯпошӣ натавонистанд дар бораи моликияти беш аз 70 минтақаи баҳсӣ ба мувофиқа расанд.
Лентаи хабарҳо
0