https://sputnik.tj/20210730/habs-mamur-tarabhona-hamadoni-1041302680.html
Ҳабси маъмури тарабхонаи "Ҳамадонӣ" барои баддаҳонии мизоҷону халал ба оромии сокинон
Ҳабси маъмури тарабхонаи "Ҳамадонӣ" барои баддаҳонии мизоҷону халал ба оромии сокинон
Sputnik Тоҷикистон
Маъмури тарабхонаи "Ҳамадонӣ" - и Душанбе шабона барои нороҳатсозии сокинон боздошту ҳабс шудааст
2021-07-30T10:08+0500
2021-07-30T10:08+0500
2021-07-30T10:24+0500
ҳабс
раёсати вкд ҷт дар шаҳри душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0c/1044741356_0:106:1632:1024_1920x0_80_0_0_cbd798f07d638234326358d8a78204a4.jpg
ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Маъмури тарабхонаи "Ҳамадонӣ" - и Душанбе дар пайи баррасии шикояти як сокини пойтахт аз сӯи пулис боздошту ҳабс шудааст, хабар медиҳад котиботи Раёсати Вазортаи корҳои дохила.Ба иттилои манбаъ, санаи 28 июл як сокини пойтахт бо ирсоли муроҷиати электронӣ ба унвони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе арз намуд, ки нисбати масъулони тарабхонаи "Ҳамадонӣ" воқеъ дар маҳаллаи Гипроземи шаҳри Душанбе чораҳои қонунӣ андешида шавад. Гуфта мешавад, маъмурияти ин тарабхона берун аз вақти муқарраргардида низ фаъолияташро идома дода, дар бевақтии шаб бо овози баланду гушхароши мусиқӣ ва дашному ҳақоратҳои мизоҷони худ оромии шаҳрвандону сокинони маҳалларо халалдор ва тартиботи ҷамъиятиро дар вақти шабона пайваста вайрон менамояд.Гуфта мешавад, маъмури тарабхона Алиев Соҳибназар буда, зимни санҷиш дар фаъолияти тарабхонаи мазкур як қатор норасоӣ ва камбудиҳо ошкор гардида, ҷиҳати бартараф намудани он ва мувофиқат намудани фаъолияти тарабхона ба талаботи шаҳрдорӣ як қатор дастуру супоришҳо дода шуд. Аммо маъмури тарабхона Алиев Соҳибназар камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф ва расмияти ҷориро ба танзим надароварда, боз фаъолияташро идома додааст.Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати шаҳрванд Алиев Соҳибназар протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори суд нисбаташ ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз татбиқ карда шуд.
https://sputnik.tj/20210512/pulis-sohibon-moshin-krutoy-dushanbero-navor-1039397847.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0c/1044741356_251:51:1632:1087_1920x0_80_0_0_ededbb4b04dfba132933286ec459e90e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳабс, маъмур, тарабхонаи "ҳамадонӣ", баддаҳонии мизоҷон, халал, оромии сокинон
ҳабс, маъмур, тарабхонаи "ҳамадонӣ", баддаҳонии мизоҷон, халал, оромии сокинон
Ҳабси маъмури тарабхонаи "Ҳамадонӣ" барои баддаҳонии мизоҷону халал ба оромии сокинон
10:08 30.07.2021 (Навсозишуда: 10:24 30.07.2021) Кормандони пулис як маротиба маъмури "Ҳамадонӣ" - ро аз камбудиҳояш огоҳ кардаанд, аммо ислоҳ накардааст
ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Маъмури тарабхонаи "Ҳамадонӣ" - и Душанбе дар пайи баррасии шикояти як сокини пойтахт аз сӯи пулис боздошту ҳабс шудааст, хабар медиҳад котиботи Раёсати Вазортаи корҳои дохила.
Ба иттилои манбаъ, санаи 28 июл як сокини пойтахт бо ирсоли муроҷиати электронӣ ба унвони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе арз намуд, ки нисбати масъулони тарабхонаи "Ҳамадонӣ" воқеъ дар маҳаллаи Гипроземи шаҳри Душанбе чораҳои қонунӣ андешида шавад.
Гуфта мешавад, маъмурияти ин тарабхона берун аз вақти муқарраргардида низ фаъолияташро идома дода, дар бевақтии шаб бо овози баланду гушхароши мусиқӣ ва дашному ҳақоратҳои мизоҷони худ оромии шаҳрвандону сокинони маҳалларо халалдор ва тартиботи ҷамъиятиро дар вақти шабона пайваста вайрон менамояд.
Гуфта мешавад, маъмури тарабхона Алиев Соҳибназар буда, зимни санҷиш дар фаъолияти тарабхонаи мазкур як қатор норасоӣ ва камбудиҳо ошкор гардида, ҷиҳати бартараф намудани он ва мувофиқат намудани фаъолияти тарабхона ба талаботи шаҳрдорӣ як қатор дастуру супоришҳо дода шуд.
Аммо маъмури тарабхона Алиев Соҳибназар камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф ва расмияти ҷориро ба танзим надароварда, боз фаъолияташро идома додааст.
Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати шаҳрванд Алиев Соҳибназар протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори суд нисбаташ ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз татбиқ карда шуд.