Болоравии рублу евро: эълони қурби асъори хориҷӣ нисбат ба сомонӣ

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкКурс иностранной валюты
Курс иностранной валюты  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2021
Обуна шудан
Дар бозори асъори Тоҷикистон қурби рублу евро боло рафт
ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.
Тибқи иттилои ин ниҳод арзиши 1 рубли русӣ имрӯз 0.1541 муқаррар шудааст, дар ҳоле, ки ду рӯз пеш 1 рубл ҳамагӣ 0.1534 сомонӣ арзиш дошт.
Қурби доллар бошад, тибқи нишондоди ин ниҳод бетағйир мондааст ва ҳамакнун 1 доллари ИМА муодили 11.3225 сомонӣ мебошад.
Ҳамзамон тибқи иттилои БМТ, қурби асъори аврупоӣ нисбат ба сомонӣ боло рафтааст.
Тағйирот дар 20 ва 50 сомонӣ: Бонки миллӣ пулҳои нав ба муомилот мебарорад
Дар Тоҷикистон имрӯз як евро 13.4534 сомонӣ муқаррар шудааст. Ду рӯз пеш дар бозори арз, қиммати як евро дар марзи 13.3764 сомонӣ қарор дошт.
Доллары на столе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2021
Рубл ё доллар: коршинос беҳтарин асъор барои пасандоз дар 12 моҳи ояндро гуфт
Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.3225 то 11.3400 сомонӣ
1 евро аз 13.4534 то 13.5100 сомонӣ
1 рубли русӣ аз 0.1541 то 0.1555 сомонӣ.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0