Агентӣ: ҳар раиси панҷум дар Тоҷикистон зан асту ҳар панҷум ҷавон

© Sputnik Ҷумъа Давлатов, раиси Агентии хизмати давлатии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон
Ҷумъа Давлатов, раиси Агентии хизмати давлатии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2021
Обуна шудан
Агентии хизмати давлатии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ҳар роҳбари давлатии панҷум дар ҷумҳурӣ зан ва ва ҳар чорум ҷавон мебошад
ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Агентии хизмати давлатии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дод, ки то 1 июли соли равон шумораи хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ 19 ҳазору 176 нафарро ташкил дод, ки 23,4 дарсадро занон ташкил медиҳанд.

“Теъдоди занон дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ дар маҷмуъ 4486 нафар ё 23,4 дарсад мебошад. Аз 5910 нафар ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 1 ҳазору 148 нафар ё 19,4 фоизашон занонанд”, - иттилоъ дод Ҷумъа Давлатов, раиси Агентии хизмати давлатӣ.

Ба иттилои ӯ, нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 теъдоди занон дар хизмати давлатӣ 131 нафар ва занон дар мақоми роҳбарӣ 82 нафар афзоиш ёфтааст.
Манбаъ афзуд, ки теъдоди ҷавонони то 35-сола 9 ҳазору 199 нафар ё 48 фоизро ташкил медиҳад. Синни миёнаи хизматчии давлатӣ дар Тоҷикистон 37,3 сол арзёбӣ гардид.
Женщины Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2019
Озмуни шаҳрдории Душанбе барои муайян кардани беҳтарин занони роҳбар
“Теъдоди ҷавонони то 35-сола 48 фоизи хизматчиёни давлатиро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 948 нафар ё 3,6 фоиз афзиш дода шудааст. Дар мансабҳои роҳбарикунанда теъдоди ҷавонони то 35-сола 1582 нафар ё 26,7 фоиз буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 274 нафар зиёд мебошад”, - омадааст дар иттилоия.
Агентии хизмати давлатӣ таъкид намудааст, ки дар баъзе вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вобаста ба ҷалби занону духтарон ба хизмати давлатӣ тадбирҳои дахлдор андешида намешавад.
Лентаи хабарҳо
0