Зиндагӣ дар домони кӯҳ: навори боздиди президент аз ноҳияи Айнӣ - видео

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд сафар кард ва нахуст аз ноҳияи Айнӣ боздид намуд
Раисҷумҳури Тоҷикистон дирӯз, 28 июл бо сафари корӣ вориди ноҳияи Айнӣ шуд ва якчанд иншооту коргоҳҳоро ифтитоҳ карда, ба сокинон мулоқот доир кард.
Дар рафти ин сафар дар ноҳияи Айнӣ, ки дар домани кӯҳ ҷойгир аст, варзишгоҳ, фермаи чорвопарварӣ, коргоҳи дӯзандагӣ, мақдони Парчам ва Нишони миллӣ, мактаб ва коргоҳи паррандапарварӣ ифтитоҳ шуд.
Дафтари матбуоти президент аз рафти ин сафар гузориши видеоӣ омода кардааст.
Ноҳияи Айнӣ, собиқ Заҳматобод яке аз ноҳияҳои калони вилояти Суғд аст, ки соли 1930 таъсис ёфтааст.
Аҳолии ноҳия, ба ҳолати соли 2016 - бештар аз 78 ҳазор нафарро буда, масоҳаташ 5158,6 км² аст.
Лентаи хабарҳо
0