Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мақомоти Тоҷикистон 21 январи соли 2022 аз бозгашти сеюмбораи коронавирус ба кишвар хабар доданд

Теъдоди фавтидагон ба 120 кас расид: эълони омори коронавирус дар Тоҷикистон

© PixabayМедицинские носилки, архивное фото
Медицинские носилки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2021
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон бар пояи омори расмӣ давоми 24 сотаи гузашта боз як нафари дигар аз коронавирус фавтидааст
ДУШАНБЕ, 29 июл - Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави гирифторӣ, табобат ва марг аз коронавирусро, ки дар 24 соати гузашта сабт шуд, нашр кард.
Бино бар иттилои манбаъ, тайи шабонарӯзи охир, 84 ҳолати нави гирифторӣ ошкор гардидааст.
"Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 84 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин 68 нафар шифо ёфтанд", - омадааст дар иттилоия.
Ҳамзамон вазорат хабари нохуш додааст, ки дар давоми шабонарӯзи ахир, аз ин беморӣ як нафар ҷон бохтааст. Ҳамин тавр теъдоди умумӣ ҷонбохтагон ба 120 нафар расид.
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз дар кишвар 14845 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 14313 нафар шифо ёфтаанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват кардааст, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.
Вакцина Pfizer и Moderna - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2021
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон ваксинзанӣ бо "Moderna" оғоз шуд
Ин ниҳод рӯзи 21 июн аз сар задани мавҷи дуюми коронаиврус хабар дод ва сипас ваксингирии ҳатмӣ барои афроди аз 18 - сола болоро ҷорӣ кард.
Ҳоло дар Тоҷикистон ба мардум се намуд ваксин AstraZeneca, Moderna ва дигаре CoronaVac пешниҳод мешавад.
Лентаи хабарҳо
0