Международный аэропорт Челябинск - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин

Субҳонзода шарти арзон шудани нархи чипта ба самти Русияро гуфт

CC BY-SA 2.0 / Anna Zvereva / Somon Air, P4-TAJ, Boeing 737-93Y ERСамолет компании "Сомон Эйр", архивное фото
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
Обуна шудан
Субҳонзода мегӯяд, нархи чипта замоне арзон мешавад, ки парвозҳои мунтазам барқарор шаванд. Аммо ин кор танҳо дар он сурат имконпазир мегардад, ки мардум ба таври оммавӣ ваксин гиранд
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Роҳбари Агентии авиатсияи Тоҷикистон Икром Субҳонзода мегӯяд, азсаргирии парвозҳои мунтазам ба Русия метавонад нархи чиптаҳои ҳавопаймоиро коҳиш диҳад.
Ӯ дар ин бора зимни нишасти хабарӣ изҳори назар кард. Ба таъкиди Субҳонзода, ваксинатсияи оммавӣ метавонад муҷиби барқарор шудани парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистон ва Русия шавад.
Аэропорт в Душанбе ночью, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
Фурудгоҳи Душанбе имсол 170 миллион даромад дошт
То ҳол байни Русия ва Тоҷикистон танҳо чаҳор парвози доимӣ вуҷуд дорад, ки ду парвозро ширкати ватании "Сомон Эйр" ва дуи дигарро "UTair" анҷом медиҳанд.
Роҳбари Агентӣ гуфт, ҳамаи парвозҳои дигар ба шаҳрҳои Русия, чартерӣ мебошанд.

"Ширкати "Сомон Эйр" ба шаҳрҳои Русия комилан холӣ парвоз мекунад ва аз он ҷо шаҳрвандони Тоҷикистонро мегирад. Худи ҳамин ҳолатро ширкати ҳавопаймоии Русия низ доранд. Ин ширкат холӣ меояд ва аз баргашт шаҳрвандони Русияро мебарад", - шарҳ дод Субҳонзода.

Маҳз ҳамин ҳолат боиси гаронии нархи чиптаи ҳавопаймоӣ мешавад, мегӯяд Субҳонзода. Илова бар ин, нархи гарони сӯзишворӣ аз омили дигари қиматии чиптаи ҳавопаймоӣ гуфта мешавад.
Ба гуфтаи Икром Субҳонзода, қабл аз пандемияи коронавирусӣ ба шаҳрҳои Русия то 34 парвози доимӣ анҷом меёфтанд.
Ҳоло бошад Тоҷикистон ба сохторҳои дахлдори Русия бобати барқарор кардани парвозҳои мунтазам дархост ирсол намуда,мунтазири посухи онҳо мебошад
Лентаи хабарҳо
0