https://sputnik.tj/20210727/nizomiyon-pul-uzbekiston-tolibon-bozpas-1041206989.html
Низомиёни афғон пули стратегӣ дар марз бо Ӯзбекистонро аз "Толибон"* бозпас гирифтанд
Низомиёни афғон пули стратегӣ дар марз бо Ӯзбекистонро аз "Толибон"* бозпас гирифтанд
Sputnik Тоҷикистон
Тайи як рӯзи гузашта нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон 187 ҷангҷӯи ҷунбиши "Толибон"*-ро куштанду беш аз сад нафарро маҷрӯҳ карданд
2021-07-27T13:15+0500
2021-07-27T13:15+0500
2021-07-27T13:18+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
амният ва мудофиа
афғонистон
толибон
маҳв
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0c/1032992380_0:0:1001:563_1920x0_80_0_0_41896cad1d8ae9d08cbd9573c454f558.jpg
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Вазорати дифои Афғонистон хабар медиҳад, ки нерӯҳои амнияти миллии Афғонистон дар давоми шабонарӯзи гузашта 187 ҷангҷӯи "Толибон"*-ро маҳв карданд. Ин ниҳод афзуда, ки 112 террорист маҷрӯҳ шудааст. Тибқи иттилоъи вазорати дифоъ, нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон "дар вилоятҳои Кунар, Логар, Ғазнӣ, Хост, Қандаҳор, Урузгон, Форёб, Балх, Ҷузҷон, Самангон, Ҳилманд, Тахор, Қундуз, Бағлон ва Каписа амалиёти низомӣ анҷом доданд". Масалан, дар вилояти Балх нерӯҳои мусаллаҳ минтақаи Калдорро аз дасти "Толибон"*, ки дар он ҷо шаҳри Ҳайратон ва пули аз ҷиҳати стратегӣ муҳим - пайвасткунандаи Афғонистон ва Ӯзбекистон ҷойгиранд, бозпас гирифтанд. Ғайр аз он, ҳамлаҳои "Толибон"* ба минтақаҳои Дараи Фаррохшоҳ ва Дараи Калон дар вилояти Каписа баргардонида шуданд. Дар вилояти Форёб яке аз фармондеҳони нерӯҳои вижаи "Толибон"* Қорӣ Ҳоятуллоҳ маҳв карда шуд. Ёдовар мешавем, ки як рӯз пеш ҳавопаймоии Афғонистон ба ҷангиён дар вилояти ҳаммарз бо Тоҷикистон ҳамла кард. Дувоздаҳ террорист, аз ҷумла фармондеҳи калидӣ Аҳзаруллоҳ ва инчунин қозии вилояти Таҳор, ки аз ҷониби "Толибон"* таъйин шудааст ва Мавлавӣ Собир ҷароҳати вазнин бардоштанд. Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.
https://sputnik.tj/20210727/tojikiston-afghonho-ima-tasim-1041204279.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0c/1032992380_96:0:847:563_1920x0_80_0_0_573a106b145bbe808bb4224e68a355dd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толибон, афғонистон, амният
толибон, афғонистон, амният
Низомиёни афғон пули стратегӣ дар марз бо Ӯзбекистонро аз "Толибон"* бозпас гирифтанд
13:15 27.07.2021 (Навсозишуда: 13:18 27.07.2021) Нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон 187 ҷангҷӯи ҷунбиши "Толибон"*-ро куштанд. Дар ин задухӯрд беш аз сад нафар маҷрӯҳ шуданд
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Вазорати дифои Афғонистон хабар медиҳад, ки нерӯҳои амнияти миллии Афғонистон дар давоми шабонарӯзи гузашта 187 ҷангҷӯи "Толибон"*-ро маҳв карданд.
Ин ниҳод афзуда, ки 112 террорист маҷрӯҳ шудааст.
Тибқи иттилоъи вазорати дифоъ, нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон "дар вилоятҳои Кунар, Логар, Ғазнӣ, Хост, Қандаҳор, Урузгон, Форёб, Балх, Ҷузҷон, Самангон, Ҳилманд, Тахор, Қундуз, Бағлон ва Каписа амалиёти низомӣ анҷом доданд".
Масалан, дар вилояти Балх нерӯҳои мусаллаҳ минтақаи Калдорро аз дасти "Толибон"*, ки дар он ҷо шаҳри Ҳайратон ва пули аз ҷиҳати стратегӣ муҳим - пайвасткунандаи Афғонистон ва Ӯзбекистон ҷойгиранд, бозпас гирифтанд.
Ғайр аз он, ҳамлаҳои "Толибон"* ба минтақаҳои Дараи Фаррохшоҳ ва Дараи Калон дар вилояти Каписа баргардонида шуданд.
Дар вилояти Форёб яке аз фармондеҳони нерӯҳои вижаи "Толибон"* Қорӣ Ҳоятуллоҳ маҳв карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки як рӯз пеш ҳавопаймоии Афғонистон ба ҷангиён дар вилояти ҳаммарз бо Тоҷикистон ҳамла кард.
Дувоздаҳ террорист, аз ҷумла фармондеҳи калидӣ Аҳзаруллоҳ ва инчунин қозии вилояти Таҳор, ки аз ҷониби "Толибон"* таъйин шудааст ва Мавлавӣ Собир ҷароҳати вазнин бардоштанд.
Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.