https://sputnik.tj/20210727/luzhniki-faol-muhojiron-tojik-vaksin-1041219394.html
Дар "Лужники" аз фаъолии муҳоҷирони тоҷик гуфтанд
Дар "Лужники" аз фаъолии муҳоҷирони тоҷик гуфтанд
Sputnik Тоҷикистон
Ба марказҳои ваксингузаронии шаҳри Маскав, ки барои хориҷиён таъсис дода шудааст, аз ҳама беш шаҳрвандони ИДМ ташриф меоранд
2021-07-27T18:33+0500
2021-07-27T18:33+0500
2021-08-10T17:02+0500
муҳоҷират
дар русия
ваксина
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1e/1040554990_0:0:3147:1771_1920x0_80_0_0_df0298d907ff01af8ef7f9e2a6e4e677.jpg
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Сафи муҳоҷирони тоҷик, ки ба маркази ваксинзанӣ воқеъ дар "Лужники" ташриф меоранд, кам нестанд, изҳор доштааст сардухтури поликлиникаи рақами 175 Андрей Федорук дар мусоҳиба бо mos.ru.Ба гуфтаи ӯ, дар баробари муҳоҷирони тоҷик, инчунин шаҳрвандони Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон низ зиёд ба ин марказ меоянду ваксин мегиранд.Вай қайд кард, ки муҳоҷирон бо ваксинаи "Спутник Light" эм карда мешаванд. Арзиши ин навъ ваксин 1300 рубл аст ва нархи онро муҳоҷирон метавонанд дар терминали махсус пардохт кунанд.Ёдовар мешавем, ки маркази эмгузаронӣ дар "Лужники" аз соати 08:30 то 22:00 хоҳишмандони ваксин гирифтанро қабул мекунад.Илова бар ин, муҳоҷирон дар Маскав метавонанд дар бозори "Садовод", маркази ягонаи муҳоҷират дар "Сахаров" ва дар 25 поликлиникаи шаҳрӣ ваксин гиранд.
https://sputnik.tj/20210707/tashkil-yake-kalontarin-1040732170.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1e/1040554990_416:0:3147:2048_1920x0_80_0_0_5bf0a7698e77062e81b3aa702263e357.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
лужникӣ муҳоҷирон тоҷик ваксин
лужникӣ муҳоҷирон тоҷик ваксин
Дар "Лужники" аз фаъолии муҳоҷирони тоҷик гуфтанд
18:33 27.07.2021 (Навсозишуда: 17:02 10.08.2021) Ба марказҳои ваксингузаронии шаҳри Маскав, ки барои хориҷиён таъсис дода шудааст, аз ҳама беш шаҳрвандони ИДМ ташриф меоранд
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Сафи муҳоҷирони тоҷик, ки ба маркази ваксинзанӣ воқеъ дар "Лужники" ташриф меоранд, кам нестанд, изҳор доштааст сардухтури поликлиникаи рақами 175 Андрей Федорук дар мусоҳиба бо mos.ru.
Ба гуфтаи ӯ, дар баробари муҳоҷирони тоҷик, инчунин шаҳрвандони Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон низ зиёд ба ин марказ меоянду ваксин мегиранд.
"Барои эмгузаронӣ хориҷиён бояд шиноснома, санади иқомати муваққатӣ ва ё иҷозат барои иқоматро бо худ дошта бошанд", - тавзеҳ дод Федорук.
Вай қайд кард, ки муҳоҷирон бо ваксинаи "Спутник Light" эм карда мешаванд. Арзиши ин навъ ваксин 1300 рубл аст ва нархи онро муҳоҷирон метавонанд дар терминали махсус пардохт кунанд.
Ёдовар мешавем, ки маркази эмгузаронӣ дар "Лужники" аз соати 08:30 то 22:00 хоҳишмандони ваксин гирифтанро қабул мекунад.
Илова бар ин, муҳоҷирон дар Маскав метавонанд дар бозори "Садовод", маркази ягонаи муҳоҷират дар "Сахаров" ва дар 25 поликлиникаи шаҳрӣ ваксин гиранд.