Дар Русия дар бораи муҳоҷирон филм меофаранд

© Sputnik / РИА Новости / Гузариш ба медиабонкСъемки фильма, архивное фото
Съемки фильма, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Обуна шудан
Ғизорасонҳо, таксиронҳо ва фурӯшандагон - қаҳрамонони сериал мешаванд
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Моҳи июл як гурӯҳ ҳаваскорон дар бораи ҷавоне аз Тоҷикистон як навори кутоҳ ё мини-филм бардоштанд. Филм дар бораи мушкилии тарҷума дар ҳошияи тарҳи "Овози кӯчаҳо барои муҳоҷирон" нақл мекард.
Дар нақшҳои ролик муҳоҷирони тоҷик ва ӯзбек иштирок карданд. Нақши асосиро Сафаралии Сатторзода - зодаи Тоҷикистон ва донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Уқёнуси Ором бозидааст.
Ин мини-филмро офарандагонаш мехоҳанд ба озмуни "Сарнавишти хуб" пешниҳод кунанд.
Нақшаҳои гурӯҳи ҳаваскорон бузург аст: онҳо мехоҳанд як мини-сериал дар бораи ҳаёти муҳоҷирон дар Русия ба навор гиранд.
Онҳо нақша доранд, дар чанд навори кӯтоҳ мушкилии муҳоҷиронро нишон диҳанд: кор, ҳаёти шахсӣ, таҳсил, варзиш ва ғайра. Қаҳрамонони сериалро низ аз байни муҳоҷирон интихоб хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0