https://sputnik.tj/20210726/tojikiston-az-ima-15-million-voya-vaksinai-moderna-girift-1041170043.html
Тоҷикистон аз ИМА 1,5 миллион воя ваксинаи Moderna гирифт
Тоҷикистон аз ИМА 1,5 миллион воя ваксинаи Moderna гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Бастаи аввали ваксинаҳои коронавируси истеҳсоли Амрико ба Тоҷикистон ворид шуд 26.07.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-07-26T09:41+0500
2021-07-26T09:41+0500
2021-07-26T09:41+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
вазорати тандурустӣ
ваксина
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/13/1033034883_0:63:1201:738_1920x0_80_0_0_ae9258c1d67e131bdea5af1539415fc2.jpg
ДУШАНБЕ, 26 июл - Sputnik. Парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии Turkish Airlines 1,5 миллион воя ваксинаҳои "Модера" -ро аз ИМА ба Душанбе интиқол дод, хабар медиҳад маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон. Бастаи ваксинаҳо дар доираи кумаки башардӯстона шаби душанбеи 26 июл ба фурудгоҳи байналмилалии пойтахт Душанбе расиданд. Ин нахустин бастаи ваксинаҳои коронавируси сохти Амрико мебошад, ки ба Тоҷикистон оварда шуд.Ваксинаҳо ба Тоҷикистон дар доираи барномаи COVAX ворид карда шуданд, ки тибқи он ҷумҳурӣ дар моҳи марти соли равон бо истифода аз маблағҳое, ки аз ҷониби ҳукумати ИМА низ қисман дода шудааст, 192,000 воя ваксинаи AstraZeneca гирифтааст. Тибқи иттилои сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ ва ёрии таъҷилии тиббии Вазорати тандурустии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров, 1,5 миллион воя ваксина барои эм кардани 750 ҳазор нафар пешбинӣ шудааст. Ин тақрибан 13% шаҳрвандони кишварро ташкил медиҳад. Ёдовар мешавем, ки дар охири моҳи июн 300 ҳазор вояи ваксинаи чинии CoronaVac низ аз Чин ба Душанбе ҳамчун кӯмаки башардӯстона оварда шуда буд ва 22 июл Озарбойҷон ба Тоҷикистон 40 ҳазор дона ваксинаи истеҳсоли Ҳиндустон AstraZeneca ҳамчун кумаки башардӯстона тақдим кард.
https://sputnik.tj/20210721/kishvar-tojikiston-vaksina-koronavirus-1041037142.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/13/1033034883_66:0:1133:800_1920x0_80_0_0_b2585bfc766161605084f0a82b3dd4f2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, тандурустӣ, вазорати тандурустӣ, ваксина, коронавирус
дар тоҷикистон, тандурустӣ, вазорати тандурустӣ, ваксина, коронавирус
Тоҷикистон аз ИМА 1,5 миллион воя ваксинаи Moderna гирифт
Бастаи аввали ваксинаҳои коронавируси истеҳсоли Амрико ба Тоҷикистон ворид шуд
ДУШАНБЕ, 26 июл - Sputnik. Парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии Turkish Airlines 1,5 миллион воя ваксинаҳои "Модера" -ро аз ИМА ба Душанбе интиқол дод, хабар медиҳад маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон.
Бастаи ваксинаҳо дар доираи кумаки башардӯстона шаби душанбеи 26 июл ба фурудгоҳи байналмилалии пойтахт Душанбе расиданд.
Ин нахустин бастаи ваксинаҳои коронавируси сохти Амрико мебошад, ки ба Тоҷикистон оварда шуд.
Ваксинаҳо ба Тоҷикистон дар доираи барномаи COVAX ворид карда шуданд, ки тибқи он ҷумҳурӣ дар моҳи марти соли равон бо истифода аз маблағҳое, ки аз ҷониби ҳукумати ИМА низ қисман дода шудааст, 192,000 воя ваксинаи AstraZeneca гирифтааст.
Тибқи иттилои сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ ва ёрии таъҷилии тиббии Вазорати тандурустии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров, 1,5 миллион воя ваксина барои эм кардани 750 ҳазор нафар пешбинӣ шудааст. Ин тақрибан 13% шаҳрвандони кишварро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки дар охири моҳи июн 300 ҳазор вояи ваксинаи чинии CoronaVac низ аз Чин ба Душанбе ҳамчун кӯмаки башардӯстона оварда шуда буд ва 22 июл Озарбойҷон ба Тоҷикистон 40 ҳазор дона ваксинаи истеҳсоли Ҳиндустон AstraZeneca ҳамчун кумаки башардӯстона тақдим кард.