Аввалин "тилло" -и Ӯзбекистон: пирӯзии Улуғбек Рашидов дар Олимпиада - видео

Обуна шудан
Варзишгари ҷавони ӯзбек қуллаи баланди Олимпиада - 2020 дар Токиоро фатҳ кард
Ӯзбекистон шоми гузашта ба хазинаи олимпӣ як "тилло" партофт. Медали аввал дар ҳисоби варзишгарони Ӯзбекистон "тилло" мебошад.
Сафари гурӯҳи дуюми ҳайати тими олимпии Тоҷикистон ба Токио
Таэквондо Улуғбек Рашидов яке аз пешсафонест, ки пирӯзиро ба даст овард. Вай дар вазни 68 кило дар финал намояндаи Бритониё Брэдли Синден мағлуб кард.
Гузашта аз ин, Рашидов дар аввал натиҷаҳои таскинбахш нишон намедод: нахуст имтиёзҳояш нисбат ба ҳарифаш кам буданд, аммо дар байни раундҳо тавонист худро ба даст гирад ва бо ҳисоби 34:29 пирӯз шавад.
Сомон пас аз ду пирӯзӣ аз ҳарифи озарбойҷонии худ шикаст хӯрд
Дар синни 19-солагӣ Рашидов аввалин ва то имрӯз ягона қаҳрамони олимпии Ӯзбекистон оид ба таэквондо гардид.
Лентаи хабарҳо
0