Ташхиси пеш аз никоҳ: 17 нафар бемори руҳию 16 нафар гирифтори СПИД будаанд

© Sputnik / Амир ИсаевМолодые люди сидят на лавочке в парке Рудаки в Душанбе
Молодые люди сидят на лавочке в парке Рудаки в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Обуна шудан
Ташхиси пеш аз издивоҷ дар Тоҷикистон тайи шаш моҳи аввали соли садҳо бемории гуногун, аз оташак то СПИД ва бемории руҳиро ошкор намудааст
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Ғафур Муҳсинзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, мегӯяд, давоми шаш моҳи аввали соли равон 46 ҳазору 646 нафар арӯсу домодшаванда аз муоинаи тиббӣ гузаронда шудаанд.
Муҳсинзода зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе изҳор дошт, ки дар нимсолаи аввали соли равон дар 549 нафар зарпарварини вируси намуди В ва 95 нафар зарпарвини вируси намуди С – ро ошкор кардаанд.
Дар пайи ташхиси пеш аз издивоҷи арӯсу домодшавандаҳо инчунин 16 ҳолати гирифторӣ ба вируси норасоии масунияти одам ба қайд гирифта шудааст.
Молодожены обмениваются кольцами во время карантинных мер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2021
Домодҳои тоҷик пешсафанд: дар 5 моҳ бо бонувони рус 355 ақди никоҳ баста шуд
Се нафар аз онҳое, ки азми хонадорӣ кардаанд, бемории оташак ва 17 нафар мубталои бемории руҳӣ будаанд, афзуд ноиби аввали вазири тандурустии Тоҷикистон.
Ташхиси қабл аз издивоҷ дар Тоҷикистон дар паёми соли 2015-уми раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони кишвар садо дод. Баъдан бо қабули тағйирот дар қонунгузории Тоҷикистон ташхиси тиббии пеш аз никоҳ дар ҷумҳурӣ ҳатмӣ эълон гардид. Ҳадафи ин иқдом ҳифзи саломатии навхонадорон ва насли ояндаашон арзёбӣ гардид.
Лентаи хабарҳо
0