https://sputnik.tj/20210726/sokinon-beshtar-giriftori-koronavirus-1041177663.html
Вазорат гуфт, сокинони ҷумҳурӣ бештар дар куҷо гирифтори коронавирус шуданд
Вазорат гуфт, сокинони ҷумҳурӣ бештар дар куҷо гирифтори коронавирус шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Масъулини вазорати тандурустии Тоҷикистон маконҳои сирятёбии сокинон ба коронавирусро эълон карданд
2021-07-26T13:56+0500
2021-07-26T13:56+0500
2021-08-10T16:57+0500
мавҷи сеюми коронавирус дар тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
дар тоҷикистон
тандурустӣ
хона
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102239/53/1022395390_0:0:3086:1736_1920x0_80_0_0_d2de13006338a273216125734c4c6d43.jpg
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Ғафур Муҳсинзода, муовини аввали вазири тандурустии Тоҷикистон, имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ки тибқи таҳлилҳои вазорат аксари нафароне, ки ба коронавирус гирифтор шуданд, дар хона сироят ёфтанд.Ба гуфтаи вай, 43 дарсади сироятёбии сокинон дар шароити хонагӣ сурат гирифтааст. Инчунин, ба гуфтаи вай 12 дарсади сокинон дар корхонаҳо ва 11 дарсад дар маъракаҳо сироят ёфтанд.Вай афзуд, ки ҳоло дар Тоҷикистон аз панҷ нафари сироятёфта як нафараш бемориро вазнин мегузаронад, чаҳор нафари дигар коронавирусро дар шакли сабук сипарӣ мекунанд.Дар Тоҷикистон ҳоло нафароне ҳастанд, ки ба коронавирус сироят ёфтаанд, аммо худашонро хуб ҳис мекунад ва нишонае аз ин вирус надоранд. Маҳз ҳамин нафарҳо дигаронро сироят мекунад.Мақомдори вазорати тандурустӣ гуфт, соли гузашта пандемия суръати паҳншавии бештар надошт, ҳоло шоҳиди он гирифтории баъзе оилаҳо ҳастем, ки дар пурра ба ин вирус сироят ёфтанд ва ҳатто то ду тан аз ин узви оилаҳо ҷон бохтанд. Ҳамзамон Ғафур Муҳсинзода қайд кард, ки аз аввали соли равон то имрӯз 235 ҳазор ташхисҳои озмоишӣ гузаронида шудааст.Дар Тоҷикистон 11 озмоишгоҳи вирусологӣ дар сохторҳои давлатӣ мавҷуд аст. Имконяти ин таҳлилгоҳҳо зиёда аз 5 ҳазор ташхис мебошад. Ҳоло дар як шабонарӯз на зиёда аз 3-3,5 ҳазор таҳлилҳо гузаронида мешавад.Вай зикр кард, ки новобаста аз ҳама мушкилот муассисаҳои беҳдошти сокинонро табобат мекунанд, ва барои ин кор дору ҳам ҳасту ягон камбудӣ нест.“Омодагии вазорат ҳаст, вале ҳоло ҳам дар ин самт беҳбудиро лозим аст”, гуфт мақомдори вазорати тандурустӣ.Ёдовар мешавем, ки мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон расман аз 21 июн сабт гардид ва ҳоло сафи дардмандони ин вирус ба 14 359 нафар баробар шудааст, ки аз ин миён 13 902 нафар шифо ёфта 116 бемор ҷон аз даст доданд.
https://sputnik.tj/20210726/vazorati-tandurusti-58-million-nafar-vaksin-kunad-1041175424.html
https://sputnik.tj/20210726/pizishkon-tojikiston-koronavirusro-tabobat-mekunand-1041177018.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102239/53/1022395390_771:0:3086:1736_1920x0_80_0_0_661a71dfdd49850b0087f32b4292d439.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, вазорат, тандурустӣ, гирифтор, коронавирус, хона, корхона
тоҷикистон, вазорат, тандурустӣ, гирифтор, коронавирус, хона, корхона
Вазорат гуфт, сокинони ҷумҳурӣ бештар дар куҷо гирифтори коронавирус шуданд
13:56 26.07.2021 (Навсозишуда: 16:57 10.08.2021) Масъулини вазорати тандурустии Тоҷикистон маконҳои сирятёбии сокинон ба коронавирусро эълон карданд
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Ғафур Муҳсинзода, муовини аввали вазири тандурустии Тоҷикистон, имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ки тибқи таҳлилҳои вазорат аксари нафароне, ки ба коронавирус гирифтор шуданд, дар хона сироят ёфтанд.
Ба гуфтаи вай, 43 дарсади сироятёбии сокинон дар шароити хонагӣ сурат гирифтааст. Инчунин, ба гуфтаи вай 12 дарсади сокинон дар корхонаҳо ва 11 дарсад дар маъракаҳо сироят ёфтанд.
Вай афзуд, ки ҳоло дар Тоҷикистон аз панҷ нафари сироятёфта як нафараш бемориро вазнин мегузаронад, чаҳор нафари дигар коронавирусро дар шакли сабук сипарӣ мекунанд.
Дар Тоҷикистон ҳоло нафароне ҳастанд, ки ба коронавирус сироят ёфтаанд, аммо худашонро хуб ҳис мекунад ва нишонае аз ин вирус надоранд. Маҳз ҳамин нафарҳо дигаронро сироят мекунад.
“Сироятёбӣ дар маъракаҳо бозору, нақлиёт ҳам рух медиҳад. Агар мо дастаҷамъона дар ин самт кор накунему ба мардум нафаҳмонем ин вирус ҳамин хел идома меёбад", - гуфт муовини вазир.
Мақомдори вазорати тандурустӣ гуфт, соли гузашта пандемия суръати паҳншавии бештар надошт, ҳоло шоҳиди он гирифтории баъзе оилаҳо ҳастем, ки дар пурра ба ин вирус сироят ёфтанд ва ҳатто то ду тан аз ин узви оилаҳо ҷон бохтанд.
Ҳамзамон Ғафур Муҳсинзода қайд кард, ки аз аввали соли равон то имрӯз 235 ҳазор ташхисҳои озмоишӣ гузаронида шудааст.
Дар Тоҷикистон 11 озмоишгоҳи вирусологӣ дар сохторҳои давлатӣ мавҷуд аст. Имконяти ин таҳлилгоҳҳо зиёда аз 5 ҳазор ташхис мебошад. Ҳоло дар як шабонарӯз на зиёда аз 3-3,5 ҳазор таҳлилҳо гузаронида мешавад.
Вай зикр кард, ки новобаста аз ҳама мушкилот муассисаҳои беҳдошти сокинонро табобат мекунанд, ва барои ин кор дору ҳам ҳасту ягон камбудӣ нест.
“Омодагии вазорат ҳаст, вале ҳоло ҳам дар ин самт беҳбудиро лозим аст”, гуфт мақомдори вазорати тандурустӣ.
Ёдовар мешавем, ки мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон расман аз 21 июн сабт гардид ва ҳоло сафи дардмандони ин вирус ба 14 359 нафар баробар шудааст, ки аз ин миён 13 902 нафар шифо ёфта 116 бемор ҷон аз даст доданд.