https://sputnik.tj/20210726/qurb-rubl-dollar-evroro-somon-tojikiston-1041168796.html
БМТ қурби рубл, доллар ва евроро нисбат ба сомонӣ эълон кард: бозори арзи Тоҷикистон
БМТ қурби рубл, доллар ва евроро нисбат ба сомонӣ эълон кард: бозори арзи Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар бозори асъори Тоҷикистон тайи чанд рӯз аст, ки асъори хориҷа аз қабили рублу доллар ва евро нисбат ба сомонӣ дар ҳоли шинокунанда қарор гирифтааст
2021-07-26T09:00+0500
2021-07-26T09:00+0500
2021-07-26T09:19+0500
бонки миллӣ
доллар
евро
қурби асъор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/04/1032016240_0:171:3033:1877_1920x0_80_0_0_3935f7307290c9846ca5db35a7ec9037.jpg
ДУШАНБЕ, 26 июл - Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.Тибқи иттилои ин ниҳод арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1534 сомонӣ мебошад.Қурби доллар бошад, нисбат ба нишондоди охири ҳафтаи гузашта тағйир наёфта, 1 доллари ИМА 11.3225 сомониро ташкил медиҳад.Ҳамзамон тибқи иттилои БМТ, қурби асъори аврупоӣ нисбат ба сомонӣ коҳишёбиро идома медиҳад.Дар Тоҷикистон имрӯз як евро 13.3221 сомонӣ муқаррар шудааст. Охири ҳафтаи гузашта, рӯзи 23 июл дар бозори арз қурби як евро дар марзи 13.3368 сомонӣ қарор дошт.Ҳамин тавр, қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:Тибқи нишондодҳои Бонки миллӣ, пули миллӣ давоми ним соли гузашта дар баробари асъори хориҷӣ ҳолати муътадилро нишон додааст.Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон зимни нишасти хабарии ниҳоди зертобеяш гуфт, қурби пули миллӣ дар ин давра муътадил арзёбӣ гардида, қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА танҳо 0,2 фоиз коҳиш ёфт (аз 11,3000 то ба 11,3210). Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
https://sputnik.tj/20210723/marg-dollar-asor-nav-jahon-1041130783.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/04/1032016240_150:0:2881:2048_1920x0_80_0_0_b6a44af48e8fb73a118e8c88adc6fa11.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бмт қурби рубл, доллар ва евроро нисбат ба сомонӣ эълон кард: бозори арзи тоҷикистон
бмт қурби рубл, доллар ва евроро нисбат ба сомонӣ эълон кард: бозори арзи тоҷикистон
БМТ қурби рубл, доллар ва евроро нисбат ба сомонӣ эълон кард: бозори арзи Тоҷикистон
09:00 26.07.2021 (Навсозишуда: 09:19 26.07.2021) Дар бозори асъори Тоҷикистон тайи чанд рӯз аст, ки асъори хориҷа аз қабили рублу доллар ва евро нисбат ба сомонӣ дар ҳоли шинокунанда қарор гирифтааст
ДУШАНБЕ, 26 июл - Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.
Тибқи иттилои ин ниҳод арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1534 сомонӣ мебошад.
Қурби доллар бошад, нисбат ба нишондоди охири ҳафтаи гузашта тағйир наёфта, 1 доллари ИМА 11.3225 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон тибқи иттилои БМТ, қурби асъори аврупоӣ нисбат ба сомонӣ коҳишёбиро идома медиҳад.
Дар Тоҷикистон имрӯз як евро 13.3221 сомонӣ муқаррар шудааст. Охири ҳафтаи гузашта, рӯзи 23 июл дар бозори арз қурби як евро дар марзи 13.3368 сомонӣ қарор дошт.
Ҳамин тавр, қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.3225 то 11.3400 сомонӣ;
1 евро аз 13.3221 то 13.4700 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1534 то 0.1550 сомонӣ
Тибқи нишондодҳои Бонки миллӣ, пули миллӣ давоми ним соли гузашта дар баробари асъори хориҷӣ ҳолати муътадилро нишон додааст.
Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон зимни нишасти хабарии ниҳоди зертобеяш гуфт, қурби пули миллӣ дар ин давра муътадил арзёбӣ гардида, қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА танҳо 0,2 фоиз коҳиш ёфт (аз 11,3000 то ба 11,3210).
"Нишондиҳандаи мазкур дар муқоиса ба соли гузашта 6,2 б.ф кам мебошад. Новобаста аз таъсири мавҷи навбатии сироятии пандемияи коронавирус (COVID-19) ва дигар омилҳои тағйирёбанда, Бонки миллии Тоҷикистон тавонист сиёсати қурбии худро нигоҳ дорад", - гуфт Холиқзода.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.