https://sputnik.tj/20210726/qumandoni-afghoniston-asir-1041182666.html
Чанд қумандони "Толибон" асир афтоданд
Чанд қумандони "Толибон" асир афтоданд
Sputnik Тоҷикистон
Дар доираи амалиётҳои зиддитеррористӣ, нерӯҳои амниятӣ чанд фармондеҳи ҷунбиши радикалии Толибонро боздошт карданд
2021-07-26T16:23+0500
2021-07-26T16:23+0500
2021-07-26T16:29+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
афғонистон
ҷанг
толибон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/10/1040949031_0:225:3076:1955_1920x0_80_0_0_f05fb2d57b99b10e99e8af862a647577.jpg
ДУШАНБЕ, 26 июл - Sputnik. Нерӯҳои давлатии Афғонистон як қатор фармондеҳони ҷунбиши Толибонро (ҷунбиши радикалӣ, ки дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст) боздошт карданд, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба маркази матбуотии вазорати дифоъи ин кишвар. Террористон дар як қатор амалиётҳои зиддитеррористии нерӯҳои мудофиа ва амнияти миллӣ (ANSOB) дастгир шуданд. Амалиёти зиддитеррористӣ дар шоҳроҳе, ки вилоятҳои Кобул ва Горро дар ғарби минтақаи пойтахт мепайвандад, сурат гирифт.Дар байни фармондеҳони боздоштшудаи Толибон Муҳаммад Ҷон низ ҳаст, ки масъули назорати роҳ, саботаж ва ташкили ҳамлаҳо ба он аст. Чанд аъзои дигари Толибон безарар карда шуданд. Ҳамчунин мақомоти ҳифзи ҳуқуқ якчанд деҳа дар шоҳроҳи Гор-Кобулро аз ҷангҷӯёни Толиб озод карданд. Панҷ минаи зиддитанкӣ, ки радикалҳо дар ин роҳ гузошта буданд, безарар карда шуданд. Ёдовар мешавем, ки дар Афғонистон муқовимати низомиёни ҳукуматӣ бо Толибон идома дорад. Ҷангиён моҳи июн дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои Амрико аз ин кишвар фаъол шуданд.
https://sputnik.tj/20210725/tahor-kobul-etiroz-tolibon-1041166412.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/10/1040949031_196:0:2925:2047_1920x0_80_0_0_2aab5e95dc2dcb87e2eae0a235ffe149.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон
Чанд қумандони "Толибон" асир афтоданд
16:23 26.07.2021 (Навсозишуда: 16:29 26.07.2021) Дар доираи амалиётҳои зиддитеррористӣ, нерӯҳои амниятӣ чанд фармондеҳи ҷунбиши радикалии Толибонро боздошт карданд
ДУШАНБЕ, 26 июл - Sputnik. Нерӯҳои давлатии Афғонистон як қатор фармондеҳони ҷунбиши Толибонро (ҷунбиши радикалӣ, ки дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст) боздошт карданд, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба маркази матбуотии вазорати дифоъи ин кишвар.
Террористон дар як қатор амалиётҳои зиддитеррористии нерӯҳои мудофиа ва амнияти миллӣ (ANSOB) дастгир шуданд.
Амалиёти зиддитеррористӣ дар шоҳроҳе, ки вилоятҳои Кобул ва Горро дар ғарби минтақаи пойтахт мепайвандад, сурат гирифт.
Дар байни фармондеҳони боздоштшудаи Толибон Муҳаммад Ҷон низ ҳаст, ки масъули назорати роҳ, саботаж ва ташкили ҳамлаҳо ба он аст. Чанд аъзои дигари Толибон безарар карда шуданд.
Ҳамчунин мақомоти ҳифзи ҳуқуқ якчанд деҳа дар шоҳроҳи Гор-Кобулро аз ҷангҷӯёни Толиб озод карданд. Панҷ минаи зиддитанкӣ, ки радикалҳо дар ин роҳ гузошта буданд, безарар карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар Афғонистон муқовимати низомиёни ҳукуматӣ бо Толибон идома дорад. Ҷангиён моҳи июн дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои Амрико аз ин кишвар фаъол шуданд.