Навори сангрезии даҳшатбор дар Ҳиндустон: 9 сайёҳ кушта шуд

Обуна шудан
Санги азим болои як мошини сайёҳон башиддат сарозер шудааст, ки дар натиҷа 9 нафар дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуданд
Дар Ҳиндустон сангрезии даҳшатборе сурат гирифт, ки дар пай талафоти ҷонӣ ва хисороти зиёди молиро ба бор овард.
Нашрияи Tribune India менависад, ки ҳодисаи мазкур дар иёлати Химачал - Прадеш дар шимоли Ҳидустон иттифоқ афтодааст.
Офати табиӣ дар минтақаи сайёҳии Кинаур ҷони 9 нафарро гирифт. Гуфта мешавад, санги азим болои мошини сайёҳон башиддат сарозер шуд, ки дар натиҷа 9 нафар дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтанд ва танҳо 2 кас ҷон ба саломат бурданд.
Миллионҳо: хисороти Тоҷикистон аз офатҳои табиӣ маълум шуд
Илова бар ин, сангрезӣ пул рӯди Баспаро комилан хароб кард. Ҳамин тариқ, даҳҳо мошини сайёҳон бар асари фурӯ рафтани пул дар инзивоъ монданд.
Манбаъ меафзояд, ду сайёҳ, ки шадидан маҷрӯҳ шуданд, ҳоло дар бемористон дар вазъияти ниҳоят вазнин қарор доранд.
Дар ҳамин ҳол, сарвазири Ҳиндустон Норендра Модӣ ваъда додааст, ки ба ҷароҳатбардоштагони ин ҳодисаи нохуш кӯмаки ҳамаҷониба хоҳад расонд.
Лентаи хабарҳо
0