Мӯъҷиза дар Ҳиндустон: об тақсим шуду аз қаҳри он замин бархост - навор

CC BY-SA 2.0 / CIAT / cracked earthВысохшая земля
Высохшая земля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Обуна шудан
Дар Ҳиндустон ҳодисаи аҷоибе рух додааст. Сокини иёлати Харяна лаҳзаи тақсим шудани об ва мобайн бархотани заминро сабт кард
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Сокинони иёлати Харяма шоҳиди як ҳодисаи ғайриинтизор шуданд. Дар ин минтақа об ба ду қисм тақсим шуд ва аз мобайни он замин бархост. Ин ҳодиса сокинонро шигифтзада кард ва як сокини маҳаллӣ лаҳзаи ғайричашмдоштро сабт карда ба шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намуд.
Ҷагат Ванӣ муаллифи ин навор аст, ки онро дар сафҳаи Фейсбукии худ нашр кард ва ин навор аз он ҷо ба дигар шабакаҳо роҳ ёфт.
Дар навор маълум аст, ки як қитъаи калони замин аз қаҳри об боло шуд ва тарқишҳо пайдо шуданд.
Манбаъҳои расмӣ то ҳол ягон версияи ин ҳодисаро шарҳ надодаанд.
Аммо корбарон дар Интернет аллакай тахминҳои худро ироа намуданд. Тибқи баъзеҳо, замин бо таъсири тектоникӣ баланд шуд, дигарон боварӣ доранд, ки ин дар натиҷаи ҷамъ шудани метан дар хок рух додааст.
Лентаи хабарҳо
0