https://sputnik.tj/20210726/hushdor-obuhavoshinoson-omadan-sel-piryah-1041184971.html
Ҳушдори обуҳавошиносон аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ дар Тоҷикистон
Ҳушдори обуҳавошиносон аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон давоми ду рӯзи оянда баландшавии ҳарорат ва омадани селҳои пиряхӣ пешгӯӣ мешавад.
2021-07-26T17:14+0500
2021-07-26T17:14+0500
2021-07-26T17:15+0500
дар тоҷикистон
пешгӯӣ
гармшавӣ
агентии ҳавосанҷӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102862/48/1028624860_0:177:1920:1257_1920x0_80_0_0_55359838babd6b7d474a7a3c95293d42.jpg
Бо сабаби болоравии ҳарорати ҳаво 26-28 июл дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани селҳои дорои хусусияти маҳаллӣ ва пиряхӣ аз эҳтимол дур нест, хабар додааст Агентии обуҳавошиносии ТоҷикистонБа иттилои манбаъ, инчунин дар ин рӯзҳо дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад. Гуфта мешавад, 26-29 июл дар шаҳрҳои ҷумҳурӣ шароити обу ҳаво метавонад ба пайдоиши нурҳои ултрабунафш (радиатсияи офтобӣ) дар қабати болоии атмосфера мусоидат намояд ва аз соати 12:00 то 15:00 таркиби нурҳои ултрабунафш ба нишондиҳандаҳои баландтар хоҳад расид, ки ин вазъият метавонад ба саломатӣ таъсири манфӣ расонад. Агентӣ мегӯяд, баландшавии нишондиҳандаҳои нурҳои ултрабунафш дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои марказӣ ва шарқии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва минтақаҳои шарқии ВМКБ боқӣ мемонад. Манбаъ мегӯяд, дар ҳамин давра мувофиқи ҳисобҳои пешакии вазъи обу ҳаво сатҳи баландшавии нурҳои ултрабунафш пас аз нисфирӯзӣ боқӣ хоҳад монд
https://sputnik.tj/20210726/havoshinoson-haroratro-past-1041184300.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102862/48/1028624860_0:0:1920:1440_1920x0_80_0_0_02a6583ff0234d2db4865285812e8146.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳушдор, обуҳавошиносон, селҳои пиряхӣ, тоҷикистон
ҳушдор, обуҳавошиносон, селҳои пиряхӣ, тоҷикистон
Ҳушдори обуҳавошиносон аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ дар Тоҷикистон
17:14 26.07.2021 (Навсозишуда: 17:15 26.07.2021) Дар Тоҷикистон давоми ду рӯзи оянда баландшавии ҳарорат ва омадани селҳои пиряхӣ пешгӯӣ мешавад.
Бо сабаби болоравии ҳарорати ҳаво 26-28 июл дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани селҳои дорои хусусияти маҳаллӣ ва пиряхӣ аз эҳтимол дур нест, хабар додааст Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон
Ба иттилои манбаъ, инчунин дар ин рӯзҳо дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.
"27-30 июл дар ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 15-20 ва дар баъзе ноҳияҳо то 20-25 метр дар як сония дар назар буда, дар минтақаҳои алоҳида тӯфони чангу ғубор ба амал меояд", - омадааст дар иттилоияи Агентӣ.
Гуфта мешавад, 26-29 июл дар шаҳрҳои ҷумҳурӣ шароити обу ҳаво метавонад ба пайдоиши нурҳои ултрабунафш (радиатсияи офтобӣ) дар қабати болоии атмосфера мусоидат намояд ва аз соати 12:00 то 15:00 таркиби нурҳои ултрабунафш ба нишондиҳандаҳои баландтар хоҳад расид, ки ин вазъият метавонад ба саломатӣ таъсири манфӣ расонад.
Агентӣ мегӯяд, баландшавии нишондиҳандаҳои нурҳои ултрабунафш дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои марказӣ ва шарқии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва минтақаҳои шарқии ВМКБ боқӣ мемонад.
Манбаъ мегӯяд, дар ҳамин давра мувофиқи ҳисобҳои пешакии вазъи обу ҳаво сатҳи баландшавии нурҳои ултрабунафш пас аз нисфирӯзӣ боқӣ хоҳад монд