https://sputnik.tj/20210726/didor-general-lapin-inshoot-strategi-tojikiston-1041170683.html
Боздиди генерал Лапин аз иншооти стратегии Тоҷикистон дар пайи ташдиди вазъ дар Афғонистон
Боздиди генерал Лапин аз иншооти стратегии Тоҷикистон дар пайи ташдиди вазъ дар Афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
Фармондеҳи Ҳавзаи марказии ҳарбӣ дар пасманзари шиддат гирифтани вазъ дар Афғонистон ба Тоҷикистон сафар кард 26.07.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-07-26T10:07+0500
2021-07-26T10:07+0500
2021-07-26T11:29+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
ӯзбекистон
тамринҳо
марз
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102950/81/1029508130_0:0:3084:1736_1920x0_80_0_0_016ca7dbb2f8b68b0562983cb6a9136d.jpg
ДУШАНБЕ, 26 июл - Sputnik. Фармондеҳи нерӯҳои Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия, генерал - полковник Александр Лапин дар пасманзари шиддат гирифтани вазъ дар Афғонистон ба Тоҷикистон ташриф овард, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Ҳавзаи марказии ҳарбӣ. Лапин аллакай ба яке аз иншооти низомии Русия дар ҷумҳурӣ ташриф овардааст. Вай аз маҷмааи оптоэлектронии "Окно" нерӯҳои фазонавардии Қувваҳои Мусаллаҳи Русия, ки дар кӯҳҳои Санглоки Тоҷикистон воқеъ аст, дидан кард. Фармондеҳи нерӯҳои Ҳавзаи марказии ҳарбӣ ба як урдугоҳи низомӣ, ки дар шаҳри Норак воқеъ аст, ташриф оварда, бо хусусияти иншооти Русия шинос шуд, ки вазифаи ҷангии идоракунии фазои кайҳониро иҷро мекард.Маҷмааи оптоэлектронии "Окно" барои шинохтани объектҳои кайҳонӣ дар баландии 2,2 ҳазор метр аз сатҳи баҳр дар кӯҳҳои Тоҷикистон ҷойгир аст. Он барои муайян ва тасниф кардани объектҳои кайҳонӣ дар баландиҳои то 50 ҳазор километр пешбинӣ шудааст.Ёдовар мешавем, ки аз 5 то 10 август Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар тамрингоҳи Ҳарбмайдон ва дар минтақаи ҳаммарз бо Афғонистон, машқҳои муштарак баргузор мекунанд. Дар ҷараёни тамрин, низомиёни се кишвар якҷоя кор хоҳанд кард - барои мубориза бо террористҳои шартӣ, ки аз марз "ҳамла" кардаанд. Ба гуфтаи Лапин, дар ҷараёни тамрин омӯзиш барои шикасти гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ, ки ба қаламрави давлати иттифоқӣ ҳамла овардаанд, кор карда мешавад.
https://sputnik.tj/20210721/tankchiyon-rusiya-sarhad-tojikiston-afghoniston-1041061076.html
афғонистон
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102950/81/1029508130_210:0:2941:2048_1920x0_80_0_0_e7d189453874a7ca438e3780e38ad17b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, афғонистон, ӯзбекистон, тамринҳо, марз, дар русия
дар тоҷикистон, афғонистон, ӯзбекистон, тамринҳо, марз, дар русия
Боздиди генерал Лапин аз иншооти стратегии Тоҷикистон дар пайи ташдиди вазъ дар Афғонистон
10:07 26.07.2021 (Навсозишуда: 11:29 26.07.2021) Фармондеҳи Ҳавзаи марказии ҳарбӣ дар пасманзари шиддат гирифтани вазъ дар Афғонистон ба Тоҷикистон сафар кард
ДУШАНБЕ, 26 июл - Sputnik. Фармондеҳи нерӯҳои Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия, генерал - полковник Александр Лапин дар пасманзари шиддат гирифтани вазъ дар Афғонистон ба Тоҷикистон ташриф овард, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Ҳавзаи марказии ҳарбӣ.
Лапин аллакай ба яке аз иншооти низомии Русия дар ҷумҳурӣ ташриф овардааст. Вай аз маҷмааи оптоэлектронии "Окно" нерӯҳои фазонавардии Қувваҳои Мусаллаҳи Русия, ки дар кӯҳҳои Санглоки Тоҷикистон воқеъ аст, дидан кард.
Фармондеҳи нерӯҳои Ҳавзаи марказии ҳарбӣ ба як урдугоҳи низомӣ, ки дар шаҳри Норак воқеъ аст, ташриф оварда, бо хусусияти иншооти Русия шинос шуд, ки вазифаи ҷангии идоракунии фазои кайҳониро иҷро мекард.
"Натиҷаҳои кор нишон доданд, ки вазифаи ҷангӣ ва сатҳи тайёрии касбии ҳайати шахсӣ ба талаботи муосир ҷавобгӯ мебошанд", - таъкид кард Лапин ва ҳайати шахсии маҷмааро бо 41-умин солгарди таъсиси қисми низомӣ табрик гуфт.
Маҷмааи оптоэлектронии "Окно" барои шинохтани объектҳои кайҳонӣ дар баландии 2,2 ҳазор метр аз сатҳи баҳр дар кӯҳҳои Тоҷикистон ҷойгир аст.
Он барои муайян ва тасниф кардани объектҳои кайҳонӣ дар баландиҳои то 50 ҳазор километр пешбинӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки аз 5 то 10 август Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар тамрингоҳи Ҳарбмайдон ва дар минтақаи ҳаммарз бо Афғонистон, машқҳои муштарак баргузор мекунанд.
Дар ҷараёни тамрин, низомиёни се кишвар якҷоя кор хоҳанд кард - барои мубориза бо террористҳои шартӣ, ки аз марз "ҳамла" кардаанд.
Ба гуфтаи Лапин, дар ҷараёни тамрин омӯзиш барои шикасти гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ, ки ба қаламрави давлати иттифоқӣ ҳамла овардаанд, кор карда мешавад.