https://sputnik.tj/20210726/davlatzoda-farhangi-tojikistonro-muarrifi-1041180485.html
Давлатзода гуфт, дар кадом кишварҳо фарҳанги Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд
Давлатзода гуфт, дар кадом кишварҳо фарҳанги Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳамзамон вазири фарҳанг қайд кард, ки Тоҷикистон барои баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қароргоҳи ЮНЕСКО, Беларус, Амороти Муттаҳидаи Араб омодагӣ гирифтааст
2021-07-26T15:20+0500
2021-07-26T15:20+0500
2021-07-26T15:20+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
беларус
муаррифӣ
юнеско
рӯзҳои фарҳангӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0c/1032813652_7:0:1031:576_1920x0_80_0_0_45130071afc3738f1c5dbc6b5e3076f8.jpg
ДУШАНБЕ, 26 июл - Sputnik. Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ қайд кард, ки ҷумҳурӣ барои баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қароргоҳи ЮНЕСКО, Беларус, Амороти Муттаҳидаи Араб, намоиши Тоҷикистон дар Осорхонаи Гимеи Париж дар ҳамкорӣ бо Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Форуми зиёиёни Тоҷикистону Ӯзбекистон корҳои омодагиро дар сатҳи зарурӣ анҷом дода истодааст.Вазири фарҳанги Тоҷикистон ҳамзамон иброз дошт, ки дар доираи “Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик барои солҳои 2021-2025” Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ “Андалеб-2021” ҷараён дорад.Даври ниҳоии фестивал-озмун моҳи август дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев баргузор карда мешавад.Инчунин Зулфия Давлатзода гуфт, дар куҷо ва чигуна 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил мешавадВай гуфт, бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон барномаҳои идона дар Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ”, Маҷмааи давлатии “Кохи Борбад” доир шуда, дар пойтахти роҳпаймоии идона баргузор мегардад.Вазири фарҳанги Тоҷикистон махсусан қайд кард, ки дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат бахшида ба ин ҷашни миллӣ барномаҳои идона доир мешаванд. Дар бештари ноҳияҳо аллакай барномаҳои фарҳангӣ оғоз гардидаанд.
https://sputnik.tj/20190219/Safiri-Laiston-peshniod-doram-Rzoi-farangi-Laiston-dar-Toikiston-barguzor-shavad-1028328151.html
беларус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0c/1032813652_135:0:903:576_1920x0_80_0_0_47ce599e73b5ab7ec33ab20de89f70fd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, фарҳанг, рӯзҳои фарҳанг, юнеско, беларус, муаррифӣ
тоҷикистон, фарҳанг, рӯзҳои фарҳанг, юнеско, беларус, муаррифӣ
Давлатзода гуфт, дар кадом кишварҳо фарҳанги Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд
Ҳамзамон вазири фарҳанг қайд кард, ки Тоҷикистон барои баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қароргоҳи ЮНЕСКО, Беларус, Амороти Муттаҳидаи Араб омодагӣ гирифтааст
ДУШАНБЕ, 26 июл - Sputnik. Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ қайд кард, ки ҷумҳурӣ барои баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қароргоҳи ЮНЕСКО, Беларус, Амороти Муттаҳидаи Араб, намоиши Тоҷикистон дар Осорхонаи Гимеи Париж дар ҳамкорӣ бо Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Форуми зиёиёни Тоҷикистону Ӯзбекистон корҳои омодагиро дар сатҳи зарурӣ анҷом дода истодааст.
Вазири фарҳанги Тоҷикистон ҳамзамон иброз дошт, ки дар доираи “Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик барои солҳои 2021-2025” Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ “Андалеб-2021” ҷараён дорад.
Даври ниҳоии фестивал-озмун моҳи август дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев баргузор карда мешавад.
Инчунин Зулфия Давлатзода гуфт, дар куҷо ва чигуна 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил мешавад
Вай гуфт, бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон барномаҳои идона дар Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ”, Маҷмааи давлатии “Кохи Борбад” доир шуда, дар пойтахти роҳпаймоии идона баргузор мегардад.
Вазири фарҳанги Тоҷикистон махсусан қайд кард, ки дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат бахшида ба ин ҷашни миллӣ барномаҳои идона доир мешаванд. Дар бештари ноҳияҳо аллакай барномаҳои фарҳангӣ оғоз гардидаанд.