Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мақомоти Тоҷикистон 21 январи соли 2022 аз бозгашти сеюмбораи коронавирус ба кишвар хабар доданд

Ятими ашрофзода: Саидалӣ Маъмур рӯзҳои охир фақат аз писари ягонааш мепурсидааст

© Sputnik / Амир ИсаевМужчина совершает молитву на кладбище
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2021
Обуна шудан
Дӯстони шоири марҳум Саидалӣ Маъмур мегӯянд, рӯзҳои охир ӯ фақат аз писари ягонааш мепурсидааст
ДУШАНБЕ, 25 июл – Sputnik. Саидалӣ Маъмур, шоири шинохтаи тоҷик рӯзи 24-уми июл дар сини 77 - солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт.
Аҳли фарҳанг бо ёру дӯстони шоир ҳамдардӣ карда ва Саидалӣ Маъмурро бо некӣ ёд мекунанд.
Шоираи шинохтаи тоҷик Шаҳрия Аҳматзод дар саҳифаи Facebook - иаш аз Саидалӣ Маъмур ба некӣ ёд карда, ӯро хушбахттарин инсони дунё гуфтааст.
"Хушбахт инсонҳое ҳастанд, ҳар лаҳзаи зиндагиашонро барои офаридан, некӣ кардан, дӯст доштан бахшидаанд. Устод Саидалӣ Маъмур аз ҳамин гуна инсонҳо буданд", - навиштааст шоира.
Аҳтамзод аз ятимии шоир ёдрас шуда, гуфтааст, ки боре ҳам бечоранолӣ намекард ва баръакс чун ашрофзодае ба назар менамуд.
Ӯ аз сафари якҷоя бо шоир ба ятимхонае ба ноҳияи Совет (имрӯз Темурмалик - шарҳ аз идора), ки солҳои 90-ум иттифоқ афтодааст нақл карда мегӯяд, ёди андӯҳ аз андӯҳ гаронтар будааст.

"Устодро ба минбар хостанд, аммо баробари ба минбар баромадан ашкаш сарозер мешуд ва ëррои суҳбат кардан надоштанд, ман баробарашон ба минбар баромадаму сухан кардам ва устод фақат ашк рехтанд, яъне бачаҳои ятимро дида, ятимии худ ба ëдаш расид,чун гуфтаанд,ëди андӯҳ аз андӯҳ гаронтар аст", - навиштааст шоира.

Аҳтамзод аз даргоҳи Парвардигор барои шоири марҳум омӯрзиш талабидааст.
Шоира мегӯяд, марҳум рӯзҳои охир фақат аз писари ягонааш, аз Фарзон мепурсидаст, ки "чаро телефонамро ҷавоб намедиҳад". Шоир аз даргузашти писари ягонааш хабар надоштааст.
Саидалӣ Маъмур ҳанӯз моҳи гузашта ҳамсар ва охирон фарзанди худро аз даст дод. Пайвандони ӯ бемори коронавирус буданд. Худи шоир низ ду ҳафтаи охир бо ин вирус мубориза бурду, рӯзи 24 июл ҷон ба Ҷонофарин таслим кард.
Мужчина молится на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2021
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Даргузашти шоир Саидалӣ Маъмур аз коронавирус: моҳи пеш ҳамсару писарашро аз даст дод
Писари Саидалӣ Маъмур, ҳамагӣ 43 сол дошт ва пас аз 6 рӯзи даргузашти модараш ҷон бохт.
Саидалӣ Маъмур яке аз шоирони маъруфи муосири тоҷик, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ буд.
Мотам дар хонаводаи Сарвиноз Юсуфӣ: додари сароянда даргузашт
Шоир аз зиндагии якҷоя бо ҳамсари марҳумаш 3 писар дошт, ки дутои онҳо ҷавонмарг шуда Фарзон фарзанди охирин ва ягонаи ӯ буд.
Похороны в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2021
Мотам дар оилаи 17 чеҳраи шинохта дар мавҷи нави короно: феҳрасти фавтидаҳою шарҳи Вазорат
Фарзон Маъмур чанд соли охир дар ширкати “Babilon-Mobile” ба ҳайси директор фаъолият мекард. Ӯ 20 рӯз баъд, яъне санаи 22 июли соли равон 43 - сола мешуд. Номбурда оиладор ва соҳиби ду фарзанд- як писару як духтар буд.
Саидалӣ Маъмур соли 1944 деҳаи Яккабоғи Истаравшан ба дунё омадааст. Хатмкардаи факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аст. Солҳои охир мудири Шӯрои назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Лентаи хабарҳо
0