https://sputnik.tj/20210725/qazoqiston-tojikiston-marz-afghoniston-kumak-1041165464.html
Қазоқистон барои ҳимояи марз бо Афғонистон ба Тоҷикистон кумак пешниҳод кард
Қазоқистон барои ҳимояи марз бо Афғонистон ба Тоҷикистон кумак пешниҳод кард
Sputnik Тоҷикистон
Кишварҳои Осиёи Марказӣ омодаанд дар баробари таҳдиди муштарак муттаҳид шаванд
2021-07-25T15:46+0500
2021-07-25T15:46+0500
2021-07-29T13:14+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
қазоқистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101379/62/1013796212_0:224:2849:1826_1920x0_80_0_0_bc3e1407598cd76465756e939a2f4522.jpg
ДУШАНБЕ, 25 июл – Sputnik. Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо бо сардори департаменти мудофиаи Қазоқистон Нурлан Ермекбоев телефонӣ суҳбат кард.Ҷонибҳо вазъи марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ намудаанд.Ермекбоев омодагии ҷониби Қазоқистонро барои расонидани кумак ба Тоҷикистон дар мубориза бо хатарҳо ва чолишҳои мавҷуда иброз дошт, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати дифои Қазоқистон.Раҳбарони мудофиа инчунин ба масъалаҳои марбут ба мулоқоти вазирони дифои кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе дахл кардаанд. Ёдовар мешавем, ки дар Афғонистон миёни низомиёни ҳукуматӣ ва "Толибон"* муқовимати ба вуҷуд омадааст. Ҷангиён моҳи июн дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои Амрико аз ин кишвар якбора фаъол шуданд.Дар пасманзари таҳдиди афзоянда, Тоҷикистон омодагии ҷангии нерӯҳои худро тақвият мебахшад. Дар давоми ҳафта дар саросари кишвар санҷиши омодабошии ҷангии нерӯҳо гузаронида шуд.
https://sputnik.tj/20210724/sherali-mirzo-sergey-shoygu-vaz-afghoniston-barrasi-1041149618.html
https://sputnik.tj/20210722/tojikiston-omodagii-jangi-aksho-1041094965.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101379/62/1013796212_58:0:2789:2048_1920x0_80_0_0_170990f1fb6b89c575a9724e13307910.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳифзи марз, тоҷикистон, афғонистон, қазоқистон
ҳифзи марз, тоҷикистон, афғонистон, қазоқистон
Қазоқистон барои ҳимояи марз бо Афғонистон ба Тоҷикистон кумак пешниҳод кард
15:46 25.07.2021 (Навсозишуда: 13:14 29.07.2021) Кишварҳои Осиёи Марказӣ омодаанд дар баробари таҳдиди муштарак, муттаҳид шаванд
ДУШАНБЕ, 25 июл – Sputnik. Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо бо сардори департаменти мудофиаи Қазоқистон Нурлан Ермекбоев телефонӣ суҳбат кард.
Ҷонибҳо вазъи марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ намудаанд.
Ермекбоев омодагии ҷониби Қазоқистонро барои расонидани кумак ба Тоҷикистон дар мубориза бо хатарҳо ва чолишҳои мавҷуда иброз дошт, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати дифои Қазоқистон.
Раҳбарони мудофиа инчунин ба масъалаҳои марбут ба мулоқоти вазирони дифои кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе дахл кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар Афғонистон миёни низомиёни ҳукуматӣ ва "Толибон"* муқовимати ба вуҷуд омадааст.
Ҷангиён моҳи июн дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои Амрико аз ин кишвар якбора фаъол шуданд.
Дар пасманзари таҳдиди афзоянда, Тоҷикистон омодагии ҷангии нерӯҳои худро тақвият мебахшад.
Дар давоми ҳафта дар саросари кишвар санҷиши омодабошии ҷангии нерӯҳо гузаронида шуд.