https://sputnik.tj/20210725/qaror-hukumat-zahira-arzoni-rahmon-maqomdoron-1041167902.html
Қарорҳои Ҳукумат барои захира ва арзонӣ: Раҳмон теъдоди мақомдоронро 30% афзоиш дод
Қарорҳои Ҳукумат барои захира ва арзонӣ: Раҳмон теъдоди мақомдоронро 30% афзоиш дод
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори Ҳукумат теъдоди мақомдоронеро, ки бо захираҳои моддии давлат сарукор мегиранд, афзоиш дод 25.07.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-07-25T20:04+0500
2021-07-25T20:04+0500
2021-07-25T20:04+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
эмомалӣ раҳмон
нарх
бозор
ҳукумат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/19/1033070504_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_3fcaef69d9a253821838e8fdd7078b32.jpg
ДУШАНБЕ, 25 июл – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон бо қарори Ҳукумат теъдоди кормандони Агентии захираҳои моддии давлатиро ҳудуди 30 дарсад афзоиш дода, 45 нафар муқаррар намуд. Таъкид шудааст, ки шумораи ниҳоии кормандони Агентии захираҳои моддӣ бе ҳайати хизматрасон 45 нафар мебошад. Пештар ин теъдод 34 нафарро ташкил медод.Таваҷҷуҳ ба Агентӣ ва захираҳои давлатӣ дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон аз соли мушкил ҳушдор дода, аҳолиро ба кишти ҳарчи бештар ва захира кардани маводи ғизоӣ даъват намуда буд.Қаблан Ҳукумат ва парлумон ба Агентии захираҳои моддии давлатии Тоҷикистон иҷозат доданд, ки бархе маҳсулоти аввалиндараҷаи озуқаворӣ ва сӯзишвориро бидуни пардохти боҷ, аксиз ва андоз аз арзиши иловашуда ворид намуд. Масъулин ҳадафи ин иқдомро таъмини бозори истеъмолии аҳолӣ бо молҳои ниёзи аввал, инчунин бензин ва сӯзишвории дизелӣ арзёбӣ карданд.Ин иқдоми Ҳукумат барои захирасозӣ ва таъмини фарвонию нархи нисбатан арзон дар ҳолест, ки сокинони Тоҷикистон аз болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар ҷумҳурӣ мегӯянд. То ҳол аз таъсири ин иқдом ба бозору нарх гузорише пешниҳод нашудааст. Одатан Агентии захираҳои моддӣ дар ҳолатҳои болоравии якбораи нарх дар бозорҳо аз ҳисоби захираҳояш моли нисбатан арзонро пешниҳод мекунад, то аз шиддати иҷтимоӣ ҷилавгирӣ карда шавад.
https://sputnik.tj/20210714/hadamot-ziddiinhisori-narhho-idi-qurbon-tahti-nazorat-1040880389.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/19/1033070504_68:0:1888:1365_1920x0_80_0_0_9097bca5b7cdd62a5a402e0a9f93e74d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, иқтисод, эмомалӣ раҳмон, нарх, бозор, ҳукумат
дар тоҷикистон, иқтисод, эмомалӣ раҳмон, нарх, бозор, ҳукумат
Қарорҳои Ҳукумат барои захира ва арзонӣ: Раҳмон теъдоди мақомдоронро 30% афзоиш дод
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори Ҳукумат теъдоди мақомдоронеро, ки бо захираҳои моддии давлат сарукор мегиранд, афзоиш дод
ДУШАНБЕ, 25 июл – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон бо қарори Ҳукумат теъдоди кормандони Агентии захираҳои моддии давлатиро ҳудуди 30 дарсад афзоиш дода, 45 нафар муқаррар намуд. Таъкид шудааст, ки шумораи ниҳоии кормандони Агентии захираҳои моддӣ бе ҳайати хизматрасон 45 нафар мебошад. Пештар ин теъдод 34 нафарро ташкил медод.
Таваҷҷуҳ ба Агентӣ ва захираҳои давлатӣ дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон аз соли мушкил ҳушдор дода, аҳолиро ба кишти ҳарчи бештар ва захира кардани маводи ғизоӣ даъват намуда буд.
Қаблан Ҳукумат ва парлумон ба Агентии захираҳои моддии давлатии Тоҷикистон иҷозат доданд, ки бархе маҳсулоти аввалиндараҷаи озуқаворӣ ва сӯзишвориро бидуни пардохти боҷ, аксиз ва андоз аз арзиши иловашуда ворид намуд. Масъулин ҳадафи ин иқдомро таъмини бозори истеъмолии аҳолӣ бо молҳои ниёзи аввал, инчунин бензин ва сӯзишвории дизелӣ арзёбӣ карданд.
Ин иқдоми Ҳукумат барои захирасозӣ ва таъмини фарвонию нархи нисбатан арзон дар ҳолест, ки сокинони Тоҷикистон аз болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар ҷумҳурӣ мегӯянд. То ҳол аз таъсири ин иқдом ба бозору нарх гузорише пешниҳод нашудааст.
Одатан Агентии захираҳои моддӣ дар ҳолатҳои болоравии якбораи нарх дар бозорҳо аз ҳисоби захираҳояш моли нисбатан арзонро пешниҳод мекунад, то аз шиддати иҷтимоӣ ҷилавгирӣ карда шавад.