https://sputnik.tj/20210725/nigaroni-agenti-dehqon-pul-obyori-1041167760.html
Нигаронии Агентӣ: деҳқонҳо пули обёриро намедиҳанд
Нигаронии Агентӣ: деҳқонҳо пули обёриро намедиҳанд
Sputnik Тоҷикистон
Агентии беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон мегӯяд, хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳаққи обрасониро саривақт пардохт намекунанд ва ин боиси афзоиши қарзи ин Агентӣ шудааст
2021-07-25T19:05+0500
2021-07-25T19:05+0500
2021-07-25T19:05+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
барқ
қарздиҳӣ
обёрӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/04/1032758546_0:154:3077:1885_1920x0_80_0_0_be225afc538751e7244e225bef93454c.jpg
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Баҳриддин Сироҷиддинзода, ноиби аввали раиси Агентии беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон қарзи корхонаҳои ин ниҳодро аз ҳаққи барқ наздики 322 миллион сомонӣ гуфт.Ба иттилои Агентӣ, бо истифодаи наздики 9 миллион кВт/соат нерӯи барқ дар як шабонарӯз 424 дастгоҳи обкашию 67 чоҳи амудӣ барои таъмини обрасонӣ фаъолият доранд.Сироҷиддинзода мегӯяд, тайи шаш моҳи аввали соли равон идораҳои Агентии беҳдошти замину обёрӣ бо беш аз 60 ҳазор истифодабаранда барои обёрӣ намудани беш аз 545 ҳазор гектар шартнома баста, 1 миллиарду 981 миллион метри мукаабро расондааст.Манбаъ арзиши ин миқдор оби расондаро 38,2 миллион сомонӣ гуфт, ки аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонӣ саривақт пардохт намегардад.Масъулини Агентӣ мегӯянд, дар маҷмуъ қарзи истифодабарандагони об 152,68 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки қисме аз онро бо ҷалби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мерӯёнанд. Аз ҷумла зикр шудааст, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои рӯёндани 19,66 миллион сомонӣ аризаҳои даъвоӣ пешниҳод гардида, то ҳол беш аз 4 миллион сомонӣ қарз бо ҳамин восита ситонда шудаанд.Мушкили дигари ин Агентӣ қарздорӣ аз барқ арзёбӣ мешавад, бо назардошти қарзи солҳои пешин то охири нимсолаи аввали соли равон ба 321,9 миллион сомонӣ баробар шудааст.
https://sputnik.tj/20151110/1017435386.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/04/1032758546_144:0:2875:2048_1920x0_80_0_0_751693fb77e113fba6e17cf3335bf19b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
агентӣ, обёрӣ, барқ, пул
Нигаронии Агентӣ: деҳқонҳо пули обёриро намедиҳанд
Агентии беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон мегӯяд, хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳаққи обрасониро саривақт пардохт намекунанд ва ин боиси афзоиши қарзи ин Агентӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Баҳриддин Сироҷиддинзода, ноиби аввали раиси Агентии беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон қарзи корхонаҳои ин ниҳодро аз ҳаққи барқ наздики 322 миллион сомонӣ гуфт.
Ба иттилои Агентӣ, бо истифодаи наздики 9 миллион кВт/соат нерӯи барқ дар як шабонарӯз 424 дастгоҳи обкашию 67 чоҳи амудӣ барои таъмини обрасонӣ фаъолият доранд.
Сироҷиддинзода мегӯяд, тайи шаш моҳи аввали соли равон идораҳои Агентии беҳдошти замину обёрӣ бо беш аз 60 ҳазор истифодабаранда барои обёрӣ намудани беш аз 545 ҳазор гектар шартнома баста, 1 миллиарду 981 миллион метри мукаабро расондааст.
Манбаъ арзиши ин миқдор оби расондаро 38,2 миллион сомонӣ гуфт, ки аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонӣ саривақт пардохт намегардад.
Масъулини Агентӣ мегӯянд, дар маҷмуъ қарзи истифодабарандагони об 152,68 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки қисме аз онро бо ҷалби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мерӯёнанд. Аз ҷумла зикр шудааст, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои рӯёндани 19,66 миллион сомонӣ аризаҳои даъвоӣ пешниҳод гардида, то ҳол беш аз 4 миллион сомонӣ қарз бо ҳамин восита ситонда шудаанд.
Мушкили дигари ин Агентӣ қарздорӣ аз барқ арзёбӣ мешавад, бо назардошти қарзи солҳои пешин то охири нимсолаи аввали соли равон ба 321,9 миллион сомонӣ баробар шудааст.