https://sputnik.tj/20210724/zan-moshin-garonbaho-mard-dollar-vahdat-1041153828.html
Қаллобӣ: зан мошини гаронбаҳоро азхуд карду мард 10 ҳазор доллар гирифту надод
Қаллобӣ: зан мошини гаронбаҳоро азхуд карду мард 10 ҳазор доллар гирифту надод
Sputnik Тоҷикистон
Ҳодисаи қаллобӣ яке аз дар шаҳри Душанбе ва дигаре дар шаҳри Ваҳдат сурат гирифт, ки дар аввалӣ зан ва дар дуввуми марди -37 сола муттаҳам дониста мешаванд
2021-07-24T18:34+0500
2021-07-24T18:34+0500
2021-07-24T18:36+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
қаллобӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102973/92/1029739284_0:96:1023:671_1920x0_80_0_0_43c1bd67861467c53a9a65e75b93753d.jpg
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Кормандони милиса аз ду ҳолати қаллобӣ дар Душанбе ва шаҳри Ваҳдат хабар медиҳанд.Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, қаллобии нахуст дар шаҳри Ваҳдат сурат гирифт. Ба ШВУД дар шаҳри мазкур як марди 33 - сола муроҷиат намуд, ки моҳи майи соли ҷорӣ як зан ӯро фиреб додааст.Номбурда изҳор дошт, зани 41 - сола, ки сокини деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат мебошад, автомашинаи ӯ, тамғаи "Кемри-3" -ро 110 ҳазор сомонӣ нарх гузошта гирифтааст."Аз ин маблағ танҳо 50 ҳазор сомониро ба соҳибаш оварду халос", - таъкид мешавад дар хабари вазорат.Инчунин як ҳодисаи ба ин монанд дар шаҳри Душанбе иттифоқ афтодааст. Ин навбат ба ШВУД - 1 дар ноҳияи Шоҳмансур марди 60 - сола муроҷиат намуд, ки дар доми фиреби як марди 37 - сола, аз ноҳияи Файзобод афтодааст.Ба нақли муроҷиаткунанда , сокини ноҳияи Файзобод моҳи январи соли 2012 аз ӯ 10 ҳазору 500 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардондааст.ВУД Тоҷикистон мегӯяд, нисбати марди 37 - сола, тибқи моддаи 247 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
https://sputnik.tj/20210723/firebhuri-mard-zan-muft-pul-hisor-1041122303.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102973/92/1029739284_1:0:1022:766_1920x0_80_0_0_7965af3b1ae538e5f13abdb464adc235.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон қаллобӣ
Қаллобӣ: зан мошини гаронбаҳоро азхуд карду мард 10 ҳазор доллар гирифту надод
18:34 24.07.2021 (Навсозишуда: 18:36 24.07.2021) Ҳодисаи қаллобӣ яке аз дар шаҳри Душанбе ва дигаре дар шаҳри Ваҳдат сурат гирифт, ки дар аввалӣ зан ва дар дуввуми марди 37 - сола муттаҳам дониста мешаванд
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Кормандони милиса аз ду ҳолати қаллобӣ дар Душанбе ва шаҳри Ваҳдат хабар медиҳанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, қаллобии нахуст дар шаҳри Ваҳдат сурат гирифт. Ба ШВУД дар шаҳри мазкур як марди 33 - сола муроҷиат намуд, ки моҳи майи соли ҷорӣ як зан ӯро фиреб додааст.
Номбурда изҳор дошт, зани 41 - сола, ки сокини деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат мебошад, автомашинаи ӯ, тамғаи "Кемри-3" -ро 110 ҳазор сомонӣ нарх гузошта гирифтааст.
"Аз ин маблағ танҳо 50 ҳазор сомониро ба соҳибаш оварду халос", - таъкид мешавад дар хабари вазорат.
Инчунин як ҳодисаи ба ин монанд дар шаҳри Душанбе иттифоқ афтодааст. Ин навбат ба ШВУД - 1 дар ноҳияи Шоҳмансур марди 60 - сола муроҷиат намуд, ки дар доми фиреби як марди 37 - сола, аз ноҳияи Файзобод афтодааст.
Ба нақли муроҷиаткунанда , сокини ноҳияи Файзобод моҳи январи соли 2012 аз ӯ 10 ҳазору 500 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардондааст.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, нисбати марди 37 - сола, тибқи моддаи 247 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.