https://sputnik.tj/20210724/kulob-bartaraf-sohtani-oqibathoi-ofati-tabii-1041139234.html
Мақомоти Кӯлоб гуфт, бартараф сохтани оқибатҳои офати табиӣ чӣ корҳоро анҷом додааст
Мақомоти Кӯлоб гуфт, бартараф сохтани оқибатҳои офати табиӣ чӣ корҳоро анҷом додааст
Sputnik Тоҷикистон
Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ дар бораи мустаҳкам намудани 733 метр соҳили дарё хабар дод
2021-07-24T09:45+0500
2021-07-24T09:45+0500
2021-07-24T11:12+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
кӯлоб
офати табиӣ
дарё
соҳилмустаҳкамкунӣ
хатлон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0c/1039388313_0:0:960:540_1920x0_80_0_0_6525a0e29a41e82a287e8533a04c1c46.jpg
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Масъулини Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ дар минтақаи Кӯлоб, зимни нишасти матбуотӣ дар бораи чораҳои пешгирифта дар бораи бартараф сохтани оқибатҳои офати табиӣ дар минтақаи Кӯлоб, бахусус дар самти соҳилбандӣ, пурра маълумот доданд, иттилоъ додааст рӯзномаи “Ҷумҳурият”.Ба гуфтаи масъулини ин ниҳод то ин вақт мустаҳкамкунии соҳил дар 733 метр анҷом ба анҷом расидааст.Қайд карда шудааст, ки барои бартараф сохтани оқибатҳои офати табиӣ дар сойҳои Тебалай, Девонасой, Шӯраксой ба маблағи 3,3 миллион сомонӣ лоиҳа омода шуда, барои таҳияи барнома ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмон пешниҳод гаштааст.“Интизор меравад, ки корҳои сохтмонӣ рӯзҳои наздик аз тарафи МД “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон оғоз гарданд”, -гуфт манбаъ.Ба таъкиди мудири бахши сохтмон ва соҳилбандии агентӣ Шаҳло Содатсайрова, дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ба он минтақаҳое, ки қаблан бехавф буданд, ҳоло сел омада истодааст.“Бо пешниҳоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳангоми таҳияи барномаи нави соҳилбандӣ чунин минтақаҳоро ба он ворид карданианд”, - зикр кардааст номбурда.
https://sputnik.tj/20210512/mudhishtarin-lahzahoi-sel-kulobd-1039404294.html
кӯлоб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0c/1039388313_120:0:840:540_1920x0_80_0_0_f3d816ee75aa867ff0d7525b0e4ce55d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷҷикистон, кӯлоб, офати табиӣ, сел, соҳил мустаҳкамкунӣ, обёрӣ, дарё
тоҷҷикистон, кӯлоб, офати табиӣ, сел, соҳил мустаҳкамкунӣ, обёрӣ, дарё
Мақомоти Кӯлоб гуфт, бартараф сохтани оқибатҳои офати табиӣ чӣ корҳоро анҷом додааст
09:45 24.07.2021 (Навсозишуда: 11:12 24.07.2021) Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ дар бораи мустаҳкам намудани 733 метр соҳили дарё хабар дод
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Масъулини Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ дар минтақаи Кӯлоб, зимни нишасти матбуотӣ дар бораи чораҳои пешгирифта дар бораи бартараф сохтани оқибатҳои офати табиӣ дар минтақаи Кӯлоб, бахусус дар самти соҳилбандӣ, пурра маълумот доданд, иттилоъ додааст рӯзномаи “Ҷумҳурият”.
Ба гуфтаи масъулини ин ниҳод то ин вақт мустаҳкамкунии соҳил дар 733 метр анҷом ба анҷом расидааст.
“Аз ҷумла, дар мавзеъҳои Ёқсу 85 метр, Чорчашма ва комбинати хиштсозӣ 175 ва 48 метр, Минтути сойи Тебалай 255 метр ва Даҳанасой 95 метр”, - таъкид доштааст Масъулини Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ.
Қайд карда шудааст, ки барои бартараф сохтани оқибатҳои офати табиӣ дар сойҳои Тебалай, Девонасой, Шӯраксой ба маблағи 3,3 миллион сомонӣ лоиҳа омода шуда, барои таҳияи барнома ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмон пешниҳод гаштааст.
“Интизор меравад, ки корҳои сохтмонӣ рӯзҳои наздик аз тарафи МД “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон оғоз гарданд”, -гуфт манбаъ.
Ба таъкиди мудири бахши сохтмон ва соҳилбандии агентӣ Шаҳло Содатсайрова, дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ба он минтақаҳое, ки қаблан бехавф буданд, ҳоло сел омада истодааст.
“Бо пешниҳоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳангоми таҳияи барномаи нави соҳилбандӣ чунин минтақаҳоро ба он ворид карданианд”, - зикр кардааст номбурда.