https://sputnik.tj/20210723/zuganov-putin-prezident-risia-1041123446.html
Зюганов гуфт, пас аз Путин кӣ президент мешавад
Зюганов гуфт, пас аз Путин кӣ президент мешавад
Sputnik Тоҷикистон
О своем преемнике высказался и сам Путин. По словам главы государства, он сможет сказать, кто достоин руководить страной, спустя некоторое время.
2021-07-23T15:22+0500
2021-07-23T15:22+0500
2021-07-23T15:22+0500
сиёсат
номзадҳо
владимир жириновский
геннадий зюганов
путин
ворис
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/02/1039912319_0:0:2845:1600_1920x0_80_0_0_22bffe9982462b2aa49c6b235c5cacc7.jpg
ДУШАНБЕ, 23 июл - Sputnik. Раҳбари Ҳизби коммунистии Федератсияи Русия Геннадий Зюганов дар мусоҳиба бо Тина Канделаки ворисони эҳтимолии президенти Русия Владимир Путинро номбар кард. Ба рӯйхати роҳбари коммунистҳо якбора панҷ довталаб барои мансаби сарвари давлат дохил карда шуданд.Ба гуфтаи раҳбари Ҳизби коммунисти Федератсияи Русия, губернатори вилояти Орлов Андрей Кличков ва шаҳрдори Новосибирск Анатолий Локот низ метавонистанд раёсатҷумҳуриро ба ӯҳда гиранд.Зюганов таъкид кард, ки мақомот бояд шӯрои илмии машваратӣ дошта бошанд. Қаблан, ворисони эҳтимолии Путинро раҳбари ҳизби Либерал-демократҳои Русия Владимир Жириновский номбар карда буд. Ӯ гуфт, ки ҷои сарвари давлатро Михаил Мишустин, Сергей Шойгу, Сергей Собянин, Валентина Матвиенко ё Дмитрий Медведев ишғол карда метавонанд. Жириновский худ низ зидди ба курсии президентӣ нишастан нест. Вай ба наздикӣ эълом дошт, ки ният дорад дар интихоботи соли 2024 ширкат варзад.Худи Путин низ қаблан дар бораи ворисаш ҳарф зад. Ӯ гуфт, пас аз муддате хоҳад гуфт, ки кӣ сазовори роҳбарии кишвар аст.
https://sputnik.tj/20201018/Zhirinovskiy-dar-borai-vorisi-Putin-guft-1032111589.html
https://sputnik.tj/20210614/putin-dar-borai-vorisash-guft-1040209794.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/02/1039912319_114:0:2845:2048_1920x0_80_0_0_85f7102da609ca21f4d71cafa033055c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
зюганов, ворис, путин, президент, русия
зюганов, ворис, путин, президент, русия
Зюганов гуфт, пас аз Путин кӣ президент мешавад
Зюганов панҷ нафарро номбар кард, ки метавонанд президенти Русия шаванд
ДУШАНБЕ, 23 июл - Sputnik. Раҳбари Ҳизби коммунистии Федератсияи Русия Геннадий Зюганов дар
мусоҳиба бо Тина Канделаки ворисони эҳтимолии президенти Русия Владимир Путинро номбар кард.
Ба рӯйхати роҳбари коммунистҳо якбора панҷ довталаб барои мансаби сарвари давлат дохил карда шуданд.
"Мо бисёр ҷавонҳои, серғайрат ва боистеъдод дорем: Афонин (муовини якуми раиси Ҳизби коммунист, вакили Думаи давлатӣ), Новиков (муовини раиси Кумитаи марказии Ҳизби коммунист) ва Калашников (котиби Кумитаи марказии Ҳизби коммунист оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, аъзои президиум)", - гуфт Зюганов.
Ба гуфтаи раҳбари Ҳизби коммунисти Федератсияи Русия, губернатори вилояти Орлов Андрей Кличков ва шаҳрдори Новосибирск Анатолий Локот низ метавонистанд раёсатҷумҳуриро ба ӯҳда гиранд.
Зюганов таъкид кард, ки мақомот бояд шӯрои илмии машваратӣ дошта бошанд.
Қаблан, ворисони эҳтимолии Путинро раҳбари ҳизби Либерал-демократҳои Русия Владимир Жириновский номбар карда буд.
Ӯ гуфт, ки ҷои сарвари давлатро Михаил Мишустин, Сергей Шойгу, Сергей Собянин, Валентина Матвиенко ё Дмитрий Медведев ишғол карда метавонанд.
Жириновский худ низ зидди ба курсии президентӣ нишастан нест. Вай ба наздикӣ эълом дошт, ки ният дорад дар интихоботи соли 2024 ширкат варзад.
Худи Путин низ қаблан дар бораи ворисаш ҳарф зад. Ӯ гуфт, пас аз муддате хоҳад гуфт, ки кӣ сазовори роҳбарии кишвар аст.