Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мақомоти Тоҷикистон 21 январи соли 2022 аз бозгашти сеюмбораи коронавирус ба кишвар хабар доданд

Ваксинзанӣ идома дорад: вазорат омори нав нашр кард

© Sputnik Вакцинация от коронавируса в Таджикистане
Вакцинация от коронавируса в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2021
Обуна шудан
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави ваксингирифтаҳо дар ҷумҳуриро нашр кард
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Ваксинзанӣ алайҳи бемории коронавирус дар Тоҷикистон идома дорад. Вазорати тандурустӣ омори ахир аз ҷараёни ваксингирии аҳолиро нашр намуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти вазорати мазкур, феълан дар Тоҷикистон 447,1 ҳазор нафар барои ҳимояи худу наздиконаш ваксин алайҳи коронаиврус гирифтанд.
Гуфта мешавад, бо вояи дуюм аллакай 22,2 ҳазор нафар эмгузаронӣ шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар ҷумҳурӣ сар аз 23 март маъракаи иммунизатсия эълон карда шуд. Ҳоло дар кишвар ду навъ ваксин дар гардиш аст, ки яке AstraZeneca ва дигаре CoronaVac мебошад.
Люди на улице в Душанбе в защитных масках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2021
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Пешниҳоди сокинони пойтахт ба Расулзода ва Абдуллозода: "ду ҳафта қарантин эълон кунед"
Ахиран бо қарори Ситоди ҷумҳуриявии мубориза алайҳи коронавирус, дар кишвар афроди аз 18 - сола боло бояд ваксин гиранд.
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон расман аз 21 июн сабт гардид ва ҳоло сафи дардмандони ин вирус ба 14 359 нафар баробар шудааст, ки аз ин миён 13 902 нафар шифо ёфта 116 бемор ҷон аз даст даоднд.
Лентаи хабарҳо
0