https://sputnik.tj/20210723/shohiyon-talafot-kino-tojik-1041126058.html
Шоҳиён аз талафоти бузурги кинои тоҷик гуфт: онҳо фарзандони аср буданд
Шоҳиён аз талафоти бузурги кинои тоҷик гуфт: онҳо фарзандони аср буданд
Sputnik Тоҷикистон
Маҳмадсаид Шоҳиён бо изҳори ёдоварӣ аз ҳунармандони фарҳехтае, ки тайи чанд муддати гузашта фавтиданд, онҳоро фарзандони асри худ номид
2021-07-23T16:11+0500
2021-07-23T16:11+0500
2021-07-23T16:11+0500
"тоҷикфилм"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/18/1031630191_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_75734944df27e945d1daef85dcbf9a84.jpg
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Нишасти матбуотии "Тоҷикфилм" имрӯз дар Душанбе бо дақиқаи сукут ба хотири ҳунармандоне, ки тайи чанд мудати ахир фавтиданд оғоз шуд.Маҳмадсаид Шоҳиён, раҳбари "Тоҷикфилм" гуфт, дар як муддати кӯтоҳ мо беҳтарин фарзандонро аз даст додем, ки ба монанди онҳо дигар намеёбем.Ӯ ҳамзамон даргузашти Убайдулло Раҷабовро низ биёр талафоти бузург барои санъат хонда гуфт, мо зиёд нақшаҳо дотем, аммо....Роҳбари "Тоҷикфилм" Сафарбек Солеҳро, ки чанд рӯз қабл даргузашт як фарди фарҳехта мисли аврупоиён хонд. "Ман боре надидаам, ки аз чизе нолад ва ё ба касе ғаразе дошта бошад. Як ҷавони озоду олуфтае буд, бо симою рафтору гуфтораш. Ба гуфтаи Убайдулло Раҷаб намунаи олии зиёии тоҷик буд", - изҳор дошт, Шоҳиён. Ӯ гуфт, мо бояд кушиш созем, ҳамон ҷавҳарҳое, ки дорем аз даст надиҳемБа гуфтаи раҳбари "Тоҷикфилм" имрӯз ягон монеа нест ва ҳар ҷавоне, ки нияти филмофарӣ дорад, мо дастгирӣ мекунем, танҳо сенарияҳоро бояд ба замона мутобиқ кард.Ёдовар мешавем тайи ним соли ахир ҳунармандони маҳбуби кишвар Ҳабибулло Абдураззоқов, Фотима Ғуломова, Раҳмондӯсти Қурбониён, Назирмад Мусоев, Убайдулло Раҷабов, Шералӣ Абдулқайсов даргузаштанд, ки барои синамои кишвар асарҳои мондагоре боқӣ гузоштанд
https://sputnik.tj/20210718/motam-oila-chehra-shinohta-mavj-navi-korono-1040972913.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/18/1031630191_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_4916685e2516b0875aa964f70744ba5b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шоҳиён, талафот, кинои тоҷик,
шоҳиён, талафот, кинои тоҷик,
Шоҳиён аз талафоти бузурги кинои тоҷик гуфт: онҳо фарзандони аср буданд
Маҳмадсаид Шоҳиён бо изҳори ёдоварӣ аз ҳунармандони фарҳехтае, ки тайи чанд муддати гузашта фавтиданд, онҳоро фарзандони асри худ номид
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Нишасти матбуотии "Тоҷикфилм" имрӯз дар Душанбе бо дақиқаи сукут ба хотири ҳунармандоне, ки тайи чанд мудати ахир фавтиданд оғоз шуд.
Маҳмадсаид Шоҳиён, раҳбари "Тоҷикфилм" гуфт, дар як муддати кӯтоҳ мо беҳтарин фарзандонро аз даст додем, ки ба монанди онҳо дигар намеёбем.
"Шояд ҳоло мо инро дарк намекунем, аммо ба мисли Ҳабибулло Абдураззоқов оё метавонем ёфтан? Онҳо фарзандони аср буданд. Онҳо инсонҳои одӣ набуданд", - гуфт, Шоҳиён.
Ӯ ҳамзамон даргузашти Убайдулло Раҷабовро низ биёр талафоти бузург барои санъат хонда гуфт, мо зиёд нақшаҳо дотем, аммо....
Роҳбари "Тоҷикфилм" Сафарбек Солеҳро, ки чанд рӯз қабл даргузашт як фарди фарҳехта мисли аврупоиён хонд.
"Ман боре надидаам, ки аз чизе нолад ва ё ба касе ғаразе дошта бошад. Як ҷавони озоду олуфтае буд, бо симою рафтору гуфтораш. Ба гуфтаи Убайдулло Раҷаб намунаи олии зиёии тоҷик буд", - изҳор дошт, Шоҳиён.
Ӯ гуфт, мо бояд кушиш созем, ҳамон ҷавҳарҳое, ки дорем аз даст надиҳем
Ба гуфтаи раҳбари "Тоҷикфилм" имрӯз ягон монеа нест ва ҳар ҷавоне, ки нияти филмофарӣ дорад, мо дастгирӣ мекунем, танҳо сенарияҳоро бояд ба замона мутобиқ кард.
Ёдовар мешавем тайи ним соли ахир ҳунармандони маҳбуби кишвар Ҳабибулло Абдураззоқов, Фотима Ғуломова, Раҳмондӯсти Қурбониён, Назирмад Мусоев, Убайдулло Раҷабов, Шералӣ Абдулқайсов даргузаштанд, ки барои синамои кишвар асарҳои мондагоре боқӣ гузоштанд