https://sputnik.tj/20210723/sharhi-nafaqa-muhojiron-rusia-1041126398.html
Дар Русия кор куну дар Тоҷикистон нафақа гир: шарҳи пардохти нафақа ба муҳоҷирон
Дар Русия кор куну дар Тоҷикистон нафақа гир: шарҳи пардохти нафақа ба муҳоҷирон
Sputnik Тоҷикистон
Думаи давлатии Русия гуфт, шаҳрвандони хориҷие, ки дар Русия кор мекунанд, бо расидан ба синни бознишастагӣ нафақа хоҳанд гирифт
2021-07-23T16:22+0500
2021-07-23T16:22+0500
2021-07-23T16:55+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
нафақа
созишнома
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/18/1040408835_0:380:2965:2048_1920x0_80_0_0_391c5cf50f841dd6f6d6111bd06c17eb.jpg
ДУШАНБЕ, 23 июл - Sputnik. Вакили Думаи давлатӣ Светлана Бессараб шароити ҳисобкунӣ ва пардохти нафақа ба муҳоҷирони меҳнатиро тавзеҳ дод, менависад нашрияи URA.RU. Ӯ гуфт, коргарони хориҷӣ, ки дар Русия кор мекунанд, ҳангоми расидан ба синни мувофиқи қонунгузорӣ, нафақа хоҳанд гирифт. Ба гуфти вакил, чунин шакли муқаррарии ҳамкорӣ дар соҳаи таъминоти нафақа байналмилалӣ буда, тақрибан дар ҳамаи давлатҳо яксон аст.Муҳоҷирон, замоне, ки ба ватани худ бармегарданд, нафақа мегиранд. Нафақаро он давлате пардохт мекунад, ки муҳоҷир дар он ҷо кор кардааст.Манбаъ афзуд, чунин шакли пардохти нафақа дар Русия аз солҳои пеш ҷорӣ буд, зеро Русия ба гунаи созишнома бо Тоҷикистон шартномаҳои зиёд дорад, аз ҷумла бо кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ИДМ ва кишварҳои узви ИИАО. "Онҳое, ки бо мо кор карданд, аз ҳисоби мо дар хориҷа нафақа мегиранд, онҳое, ки дар хориҷа кор карда ба ватан баргаштанд, дар ин ҷо мегиранд", - хулоса кард Бессараб.Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳама ҷанбаҳои лоиҳаи созишнома оид ба ҳалли масъалаҳои нафақа барои муҳоҷирони меҳнатӣ аллакай ба мувофиқа расиданд.Дар ин бора роҳбари Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода гуфт.Ба гуфтаи ӯ, тамоми ҷанбаҳои баҳсбарангези лоиҳаи созишномаи байни кишварҳо дар соҳаи нафақа ҳангоми видеоконфронси корӣ ҳалли худро ёфтанд."Лоиҳа бо мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷӣ барои баррасӣ ба ҳукумат пешниҳод шудааст", - гуфт Давлатзода.Ин созишнома ҳаҷми нафақаеро, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия ҳастанду бояд бигиранд, танзим мекунад.
https://sputnik.tj/20210722/tojikiston-rusiya-nafaqai-muhojiron-muvofiqa-1041089020.html
https://sputnik.tj/20210617/rusiya-muhojiron-qonuni-1040261542.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/18/1040408835_580:431:2736:2048_1920x0_80_0_0_ed06d6519be157b32449292a94aeea66.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нафақа, пардохт, муҳоҷират, муҳоҷирон, русия, тоҷикистон
нафақа, пардохт, муҳоҷират, муҳоҷирон, русия, тоҷикистон
Дар Русия кор куну дар Тоҷикистон нафақа гир: шарҳи пардохти нафақа ба муҳоҷирон
16:22 23.07.2021 (Навсозишуда: 16:55 23.07.2021) Думаи давлатии Русия гуфт, шаҳрвандони хориҷие, ки дар Русия кор мекунанд, бо расидан ба синни бознишастагӣ нафақа хоҳанд гирифт
ДУШАНБЕ, 23 июл - Sputnik. Вакили Думаи давлатӣ Светлана Бессараб шароити ҳисобкунӣ ва пардохти нафақа ба муҳоҷирони меҳнатиро тавзеҳ дод, менависад нашрияи URA.RU.
Ӯ гуфт, коргарони хориҷӣ, ки дар Русия кор мекунанд, ҳангоми расидан ба синни мувофиқи қонунгузорӣ, нафақа хоҳанд гирифт.
"Муҳоҷирон аз ҳисоби маблағе, ки корфармо дар тӯли корашон дар Русия, барои онҳо пардохт мекунад, нафақа мегиранд", - таъкид кард вакили Думаи давлатӣ.
Ба гуфти вакил, чунин шакли муқаррарии ҳамкорӣ дар соҳаи таъминоти нафақа байналмилалӣ буда, тақрибан дар ҳамаи давлатҳо яксон аст.
Муҳоҷирон, замоне, ки ба ватани худ бармегарданд, нафақа мегиранд. Нафақаро он давлате пардохт мекунад, ки муҳоҷир дар он ҷо кор кардааст.
Манбаъ афзуд, чунин шакли пардохти нафақа дар Русия аз солҳои пеш ҷорӣ буд, зеро Русия ба гунаи созишнома бо Тоҷикистон шартномаҳои зиёд дорад, аз ҷумла бо кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ИДМ ва кишварҳои узви ИИАО.
"Онҳое, ки бо мо кор карданд, аз ҳисоби мо дар хориҷа нафақа мегиранд, онҳое, ки дар хориҷа кор карда ба ватан баргаштанд, дар ин ҷо мегиранд", - хулоса кард Бессараб.
Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳама ҷанбаҳои лоиҳаи созишнома оид ба ҳалли масъалаҳои нафақа барои муҳоҷирони меҳнатӣ аллакай ба мувофиқа расиданд.
Дар ин бора роҳбари Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода гуфт.
Ба гуфтаи ӯ, тамоми ҷанбаҳои баҳсбарангези лоиҳаи созишномаи байни кишварҳо дар соҳаи нафақа ҳангоми видеоконфронси корӣ ҳалли худро ёфтанд.
"Лоиҳа бо мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷӣ барои баррасӣ ба ҳукумат пешниҳод шудааст", - гуфт Давлатзода.
Ин созишнома ҳаҷми нафақаеро, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия ҳастанду бояд бигиранд, танзим мекунад.