Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Кабулов шарти оғози амалиёти ҷангии пойгоҳи 201-умро гуфт

© Sputnik / Александр НатрускинСпециальный представитель Президента РФ по Афганистану, директор второго департамента Азии МИД России Замир Кабулов
Специальный представитель Президента РФ по Афганистану, директор второго департамента Азии МИД России Замир Кабулов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2021
Обуна шудан
Замир Кобулов мегӯяд, пойгоҳи низомии 201 -ум дар Тоҷикистон аз пеши худ, амалиёти ҷангӣ оғоз намекунад
ДУШАНБЕ, 23 июл - Sputnik. Пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон бо иқдоми худ, ҳеҷ гуна ҷангро дар заминаи вазъи Афғонистон оғоз нахоҳад кард, гуфт Замир Кабулов, намояндаи вижаи президенти Русия, мудири шӯъбаи Вазорати корҳои хориҷии Русия дар суҳбат бо радиои "Эха Москвы".
"Пойгоҳи 201-ум дар ҷои худ қарор дорад, тавре ки бояд бошад ва то он даме ки душман нест, ба ҷуз баланд бардоштани омодагии ҷангӣ ва сиёсии худ, коре нахоҳад кард", - гуфт Кобулов.
Қаблан муовини вазири корҳои хориҷии Русия Андрей Руденко таъкид карда буд, ки дар ҳолати зарурӣ Маскав омода аст барои пешгирии таҷовуз алайҳи Тоҷикистон чораҳо андешад.
Вай афзуд, ки дар ин росто, кормандони низомии пойгоҳи 201-и Русия тамринҳои нақшавӣ ва ғайринақшавиро анҷом медиҳанд.
Моҳи июн дар Афғонистон байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни "Толибон"* задухӯрдҳо оғоз ёфт. Ҷангиён дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои Амрико аз ҷумҳурӣ, бо нерӯи нав бархостанд.
Ҷанг барои осмон: оё миёни Туркия ва "Толибон"* дар Афғонистон ҷанг мешавад?
Артиши Афғонистон талош дорад, ки ҳамлаи ҷангиёнро ҷилавгирӣ кунад, аммо тибқи иттилои расмӣ, аз 398 вулусволӣ беш аз 200 тои он таҳти назорати "Толибон"* қарор гирифтааст.
Лидер северных провинций Афганистана Атто Мухаммад Нур - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2021
Мусоҳиба бо Устод Ато: аз ҷанги Шимолу Толибон* то тоҷикону фирор аз Афғонистон
Хусусан бархӯрдҳои шадид дар марз бо Тоҷикистон, Эрон ва Туркманистон рух медиҳанд.
* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0