https://sputnik.tj/20210723/obhezi-shadid-turkiya-navor-1041115001.html
Обхезии шадид дар Туркия - навор
Обхезии шадид дар Туркия - навор
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати Туркия хабар медиҳад, ки бар асари офати табиӣ феълан талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст 23.07.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-07-23T11:21+0500
2021-07-23T11:21+0500
2021-07-23T11:32+0500
дар ҷаҳон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
туркия
обхезӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/10/1040940176_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_868e33e42673165f688586d20d60cc06.jpg
ДУШАНБЕ, 23 июл - Sputnik. Боронгариҳои беист дар музофоти Ризо ва Артвини қисмати шимолу-шарқӣ Туркия боиси сар задани обхезӣ шуд, ки алъон наҷотбахшон ба зарардидагон аз ин офати табиӣ кӯмак мерасонанд, менависад РИА Новости бо истинод ба идораи ҳолатҳои фавқулодаи ин кишвар."Имрӯз, дар натиҷаи боришоти шадид, дар минтақаи Архави вилояти Артвин обхезӣ ба амал омад. Дарёи Архави ааз соҳил баромада, маркази вилоят ва роҳҳои деҳотро зери об кард. Чунин вазъият дар минтақаи Финдиклии вилояти Ризе низ ба амал омадааст", - гуфта мешавад дар идораи ҳолатҳои фавқулода.Гуфта мешавад, пас аз сар задани офати табиӣ ба ҷойи ҳодиса роҳбари Вазорати умури дохилаи Туркия Сулаймон Сойлу омад ва хабар дод, ки дар обхезӣ ягон нафар ҷон набохт, танҳо чанд нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд.Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон рӯзи 19 июл сели азим фаромад, ки дар натиҷа 12 сокини як деҳа дар шаҳри Панҷакент қурбони ин офати табиӣ шуданд.Наҷотбахшони КҲФ ва сокинони маҳаллӣ се рӯз ҷасади ду қурбонии ин офати табииро ҷустуҷӯ доштанд ва рӯзи 22 июл ҷасади Ҳабибҷон Ёқуби 19 пайдо шуд ва кофтукоби ҷасади Исмоилова Нозима идома дорад.
https://sputnik.tj/20210722/justuju-jasad-qurboni-sel-panjakent-1041094536.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/10/1040940176_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_aa7faf0e51d0ab2ea2fc7b9dcc9fe3d7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, туркия, обхезӣ
дар ҷаҳон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, туркия, обхезӣ
Обхезии шадид дар Туркия - навор
11:21 23.07.2021 (Навсозишуда: 11:32 23.07.2021) Ҳукумати Туркия хабар медиҳад, ки бар асари офати табиӣ феълан талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст
ДУШАНБЕ, 23 июл - Sputnik. Боронгариҳои беист дар музофоти Ризо ва Артвини қисмати шимолу-шарқӣ Туркия боиси сар задани обхезӣ шуд, ки алъон наҷотбахшон ба зарардидагон аз ин офати табиӣ кӯмак мерасонанд, менависад РИА Новости бо истинод ба идораи ҳолатҳои фавқулодаи ин кишвар.
"Имрӯз, дар натиҷаи боришоти шадид, дар минтақаи Архави вилояти Артвин обхезӣ ба амал омад. Дарёи Архави ааз соҳил баромада, маркази вилоят ва роҳҳои деҳотро зери об кард. Чунин вазъият дар минтақаи Финдиклии вилояти Ризе низ ба амал омадааст", - гуфта мешавад дар идораи ҳолатҳои фавқулода.
Гуфта мешавад, пас аз сар задани офати табиӣ ба ҷойи ҳодиса роҳбари Вазорати умури дохилаи Туркия Сулаймон Сойлу омад ва хабар дод, ки дар обхезӣ ягон нафар ҷон набохт, танҳо чанд нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон рӯзи 19 июл сели азим фаромад, ки дар натиҷа 12 сокини як деҳа дар шаҳри Панҷакент қурбони ин офати табиӣ шуданд.
Наҷотбахшони КҲФ ва сокинони маҳаллӣ се рӯз ҷасади ду қурбонии ин офати табииро ҷустуҷӯ доштанд ва рӯзи 22 июл ҷасади Ҳабибҷон Ёқуби 19 пайдо шуд ва кофтукоби ҷасади Исмоилова Нозима идома дорад.