https://sputnik.tj/20210723/nizomiyon-poygoh-durdast-isamboy-huroka-libos-1041138070.html
Низомиёни пойгоҳи 201 ба деҳаи дурдасти Эсанбой хӯрока ва либос бурданд
Низомиёни пойгоҳи 201 ба деҳаи дурдасти Эсанбой хӯрока ва либос бурданд
Sputnik Тоҷикистон
Сокинони як деҳаи дурдаст аз низомиён кумаки башардӯстона дарёфт карданд
2021-07-23T21:59+0500
2021-07-23T21:59+0500
2021-07-23T21:59+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
кӯмак
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/17/1041137211_0:74:1429:878_1920x0_80_0_0_f4ee7bdefe40a426f32d1592de23e003.jpg
ДУШАНБЕ, 23 июл - Sputnik. Намояндагони Шӯрои занони пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ба деҳаи Эсанбой кӯмаки башардӯстона бурданд. Дар ин бора дафтари матбуоти пойгоҳ хабар медиҳад.Дар ҳудуди пойгоҳи низомӣ ҷамъоварии ихтиёрии хӯрокворӣ, маводи мавриди ниёз, бозичаҳои бачагона ва доруҳо ташкил карда шуд. Сипас онҳо маҳсулотҳои ҷамъовардаро ба деҳа бурданд.Сокинони Эсанбой аз дидани низомиён хушҳол шуданд. Ба гуфтаи сокинон, онҳо ҳамеша ба кӯмак омодаанд, алахусус дар заминаи пандемияи коронавирус.Ҳоло оилаҳои маҳаллӣ бо либос ва хӯрокворӣ таъминанд: хизматчиён равғани офтобпараст, тухми мурғ, гӯшт, макарон, ғалладонагиҳои гуногун ва дигар маҳсулот оварданд. Инчунин барои кӯдакон шириниҳо тақсим карда шуд. Ин бори аввал нест, ки намояндагони Шӯрои занон, ки аз кормандони низомии пойгоҳи 201 иборатанд, чунин чорабиниҳо баргузор мекунанд. Ҳамин тавр, онҳо моҳи феврали соли 2021 ба деҳот бастаҳои хӯрокворӣ, либоси гарм ва ашёи хониш барои кӯдакони маҳаллиро интиқол доданд.Ёдрас мешавем, Эсанбой дар масофаи 80 километри Душанбе ҷойгир аст ва яке аз деҳаҳои дурдасти Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
https://sputnik.tj/20210721/poygohi-rusiya-tojikiston-moshin-harjogard-mujahhaz-1041046629.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/17/1041137211_79:0:1350:953_1920x0_80_0_0_f32ee05e89a3d96ded446d897d87cfa1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пойгоҳ
Низомиёни пойгоҳи 201 ба деҳаи дурдасти Эсанбой хӯрока ва либос бурданд
Сокинони як деҳаи дурдаст аз низомиён кумаки башардӯстона дарёфт карданд
ДУШАНБЕ, 23 июл - Sputnik. Намояндагони Шӯрои занони пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ба деҳаи Эсанбой кӯмаки башардӯстона бурданд. Дар ин бора дафтари матбуоти пойгоҳ хабар медиҳад.
Дар ҳудуди пойгоҳи низомӣ ҷамъоварии ихтиёрии хӯрокворӣ, маводи мавриди ниёз, бозичаҳои бачагона ва доруҳо ташкил карда шуд. Сипас онҳо маҳсулотҳои ҷамъовардаро ба деҳа бурданд.
Сокинони Эсанбой аз дидани низомиён хушҳол шуданд. Ба гуфтаи сокинон, онҳо ҳамеша ба кӯмак омодаанд, алахусус дар заминаи пандемияи коронавирус.
Ҳоло оилаҳои маҳаллӣ бо либос ва хӯрокворӣ таъминанд: хизматчиён равғани офтобпараст, тухми мурғ, гӯшт, макарон, ғалладонагиҳои гуногун ва дигар маҳсулот оварданд.
Инчунин барои кӯдакон шириниҳо тақсим карда шуд.
"Хушбахтона, мо нафареро дорем, ки агар кӯмак хоҳем, ҳатман онро хоҳем гирифт", -мегӯяд яке аз модарони серфарзанд Эсанбой.
Ин бори аввал нест, ки намояндагони Шӯрои занон, ки аз кормандони низомии пойгоҳи 201 иборатанд, чунин чорабиниҳо баргузор мекунанд.
Ҳамин тавр, онҳо моҳи феврали соли 2021 ба деҳот бастаҳои хӯрокворӣ, либоси гарм ва ашёи хониш барои кӯдакони маҳаллиро интиқол доданд.
Ёдрас мешавем, Эсанбой дар масофаи 80 километри Душанбе ҷойгир аст ва яке аз деҳаҳои дурдасти Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.