https://sputnik.tj/20210723/maqsad-milliard-hayat-hatlon-uzbekiston-1041125516.html
Мақсад расидан ба як миллиард: ҳайат аз Хатлон ба Ӯзбекистон рафт
Мақсад расидан ба як миллиард: ҳайат аз Хатлон ба Ӯзбекистон рафт
Sputnik Тоҷикистон
Як ҳайати вилояти Хатлон, таҳти раёсати Қурбон Ҳакимзода бо сафари корӣ озими вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон шуд 23.07.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-07-23T15:51+0500
2021-07-23T15:51+0500
2021-07-23T15:51+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
додугирифт
ӯзбекистон
хатлон
савдо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/17/1041125402_7:0:953:532_1920x0_80_0_0_2723b5137235254e887a06caaa99403d.jpg
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Ҳайат таҳти раёсати Қурбон Ҳакимзода, раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят, роҳбарони ширкатҳо, палатаи савдо ва саноати вилоят ва доираҳои соҳибкориро дар бар мегирад.Ба иттилои дафтари матбуоти раиси Хатлон, намояндагони ҷониби Тоҷикистон аз Минтақаи озоди иқтисодии "Термез", минтақаи озоди тиҷоратии "Маркази байналмилалии тиҷоратии Термиз", маркази байналмилалии логистикии "Термез Карго Сентр" дидан намуданд.“Қарор аст, ки тайи ду рӯзи оянда раисони вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони ширкатҳои истеҳсолию тиҷоратии Хатлонзамин аз корхонаҳои саноатӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва инфрасохтори дигари Сурхондарё боздид намуда, ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратиро ба роҳ монанд”, - омадааст дар иттилоия.Роҳбари бахши тухмипарварии вилояти Сурхондарё, Тоҷимурод Мамадраҳимов, дар мавзеи Янгиариқ дар хоҷагии фермерии "Оқтепа Термиз" ба меҳмонон аз Тоҷикистон дар бораи корҳои агротехникӣ, селексия, генетика ва биотехнология маълумот дод.Ба иттилои дафтари матбуот, миёни вилоятҳои Хатлони Тоҷикистон ва Сурхондарёи Ӯзбекистон соли 2018 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст.Манбаъ афзуд, ки ҳаҷми мубодилаи молу маҳсулот миёни ду кишвар дар муқоиса бо соли 2015-ум 30 маротиба афзуда, роҳбарони ду мамлакат вазифагузорӣ кардаанд, ки гардиши тиҷоратиро ба 500 миллион доллари амрикоӣ ва дар дурнамо то як миллиард доллар расонанд.Ин сафар дар ҳолест, ки ахиран як ҳайати вилояти Суғд низ аз Ӯзбекистон боздид карда, роҳҳои густариши ҳамкориро баррасӣ намуданд.
https://sputnik.tj/20210706/safari-hayati-uzbekiston-muovini-vaziri-viloyati-sugd-1040668900.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/17/1041125402_126:0:835:532_1920x0_80_0_0_c74566fd9e9945a78ea3160bec1cbf1b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, иқтисод, додугирифт, ӯзбекистон, хатлон, савдо
дар тоҷикистон, иқтисод, додугирифт, ӯзбекистон, хатлон, савдо
Мақсад расидан ба як миллиард: ҳайат аз Хатлон ба Ӯзбекистон рафт
Як ҳайати вилояти Хатлон, таҳти раёсати Қурбон Ҳакимзода бо сафари корӣ озими вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон шуд
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Ҳайат таҳти раёсати Қурбон Ҳакимзода, раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят, роҳбарони ширкатҳо, палатаи савдо ва саноати вилоят ва доираҳои соҳибкориро дар бар мегирад.
Ба иттилои дафтари матбуоти раиси Хатлон, намояндагони ҷониби Тоҷикистон аз Минтақаи озоди иқтисодии "Термез", минтақаи озоди тиҷоратии "Маркази байналмилалии тиҷоратии Термиз", маркази байналмилалии логистикии "Термез Карго Сентр" дидан намуданд.
“Қарор аст, ки тайи ду рӯзи оянда раисони вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони ширкатҳои истеҳсолию тиҷоратии Хатлонзамин аз корхонаҳои саноатӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва инфрасохтори дигари Сурхондарё боздид намуда, ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратиро ба роҳ монанд”, - омадааст дар иттилоия.
Роҳбари бахши тухмипарварии вилояти Сурхондарё, Тоҷимурод Мамадраҳимов, дар мавзеи Янгиариқ дар хоҷагии фермерии "Оқтепа Термиз" ба меҳмонон аз Тоҷикистон дар бораи корҳои агротехникӣ, селексия, генетика ва биотехнология маълумот дод.
Ба иттилои дафтари матбуот, миёни вилоятҳои Хатлони Тоҷикистон ва Сурхондарёи Ӯзбекистон соли 2018 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст.
Манбаъ афзуд, ки ҳаҷми мубодилаи молу маҳсулот миёни ду кишвар дар муқоиса бо соли 2015-ум 30 маротиба афзуда, роҳбарони ду мамлакат вазифагузорӣ кардаанд, ки гардиши тиҷоратиро ба 500 миллион доллари амрикоӣ ва дар дурнамо то як миллиард доллар расонанд.
Ин сафар дар ҳолест, ки ахиран як ҳайати вилояти Суғд низ аз Ӯзбекистон боздид карда, роҳҳои густариши ҳамкориро баррасӣ намуданд.