ВКД: марди солхӯрда домодашро, ки бародарзодааш мебошад, корд зад

© Sputnik Машина милиции в Таджикистане, архивное фото
Машина милиции в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2021
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, бисёри ҳолатҳои кордзанию куштор дар доираи оила рух медиҳанд
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 74-сола хабар доданд, ки дар захмӣ намудани домод ва бародарзодааш муттаҳам мешавад.
Ба иттилои ВУД, рӯзи 18 июл муноқишаи оилавӣ дар хонаводаи Наврӯз Эшматов, сокини 74-солаи ноҳияи Ҷайҳун бо кордзанӣ анҷомидаст.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки дар пайи ҷанҷол Эшматов бо корд ба домод, ки писари бародараш мебошад, чанд зарби корд задааст.
Топор, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2021
Бо табар заданду алав сар доданд: шарҳи прокурор аз куштори 4 узви як хонавода дар Ҷайҳун
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон аз ҷабрдида, Худойназаров Муродалӣ, зодаи соли 1990, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ном бурдаанд, ки феълан дар беморхона бистарӣ мебошад.
Худи айбдоршаванда, ки феълан дар ҳабси пешакӣ қарор дорад, мегӯяд, хост ба дасти чапи ҷабрдида занад.
Феълан алайҳи Эшматов бар асоси моддаи 110 – и Кодекси ҷиноӣ парванда оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Ин гузориш дар ҳолест, ки Вазорати умури дохилии Тоҷикистон қаблан гуфт, бисёри ҷиноятҳои вазнин дар доираи оила содир мешаванд ва шаҳрвандонро ба ҳамдигарфаҳмию таҳаммулпазирӣ даъват намуд.
Лентаи хабарҳо
0