https://sputnik.tj/20210722/zahiraho-arzu-tillo-bonki-milli-kohish-yoft-1041092782.html
Захираҳои арзу тиллои Бонки миллӣ коҳиш ёфт
Захираҳои арзу тиллои Бонки миллӣ коҳиш ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Захираҳои байналмилалии Бонки Миллии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон 7,5 моҳи воридотиро ташкил додаааст
2021-07-22T13:11+0500
2021-07-22T13:11+0500
2021-07-22T13:11+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
бонки миллӣ
захира
тилло
арз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102990/45/1029904506_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_726adb04e8536c7ae87308addec25d3e.jpg
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Ҷамолиддин Нуралиев, муовини якуми Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ таъкид дошт, ки дар ин давра 92 дарсади сохтори захираҳои байналмилалии Бонк бо асъори хориҷӣ ташакул ёфта ва ҳамагӣ 5 дарсади он ҳиссаи тилло мебошад.Дар ҳамин ҳол, ҷаноби Нуралиев арзиши умумии захираҳои байналмилалиро бо пули нақд ифшо накард ва рақамҳо дар бораи ҳаҷми хариду фурӯши тилло дар нимсолаи аввали соли равонро низ эълом накард.Тибқи омори расмӣ, ҳаҷми миёнаи ҳармоҳаи воридот дар соли 2020 262 миллион долларро ташкил додааст.Бо назардошти ин, метавон тахмин зад, ки захираи тилло ва асъори БМТ дар аввали соли равон 1 миллиарду 965 миллион долларро ташкил медиҳад, ки нисбат ба аввали сол 262 миллион доллар камтар аст.Қаблан хабар дода шуда буд, ки Бонки Миллӣ асосан захираҳои байналмилалии худро дар бонкҳои Швейтсария ва Олмон нигоҳ медорад.Дар аввали соли равон захираҳои тилло ва асъори БМТ 8,5 моҳи воридотиро ташкил дода буд.Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон дар баробари БМТ, Вазорати молия низ захираи тиллову асъор дорад. Маълумот дар бораи ин захираҳо ошкор карда нашудааст.
https://sputnik.tj/20180209/1024705691.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102990/45/1029904506_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_6d78339726319afa21b4d41c9cacdda4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, захираҳои арзу тилло, бонки миллӣ коҳиши захираҳо
тоҷикистон, захираҳои арзу тилло, бонки миллӣ коҳиши захираҳо
Захираҳои арзу тиллои Бонки миллӣ коҳиш ёфт
Захираҳои байналмилалии Бонки Миллии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон 7,5 моҳи воридотиро ташкил додаааст
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Ҷамолиддин Нуралиев, муовини якуми Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ таъкид дошт, ки дар ин давра 92 дарсади сохтори захираҳои байналмилалии Бонк бо асъори хориҷӣ ташакул ёфта ва ҳамагӣ 5 дарсади он ҳиссаи тилло мебошад.
Дар ҳамин ҳол, ҷаноби Нуралиев арзиши умумии захираҳои байналмилалиро бо пули нақд ифшо накард ва рақамҳо дар бораи ҳаҷми хариду фурӯши тилло дар нимсолаи аввали соли равонро низ эълом накард.
Тибқи омори расмӣ, ҳаҷми миёнаи ҳармоҳаи воридот дар соли 2020 262 миллион долларро ташкил додааст.
Бо назардошти ин, метавон тахмин зад, ки захираи тилло ва асъори БМТ дар аввали соли равон 1 миллиарду 965 миллион долларро ташкил медиҳад, ки нисбат ба аввали сол 262 миллион доллар камтар аст.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Бонки Миллӣ асосан захираҳои байналмилалии худро дар бонкҳои Швейтсария ва Олмон нигоҳ медорад.
Дар аввали соли равон захираҳои тилло ва асъори БМТ 8,5 моҳи воридотиро ташкил дода буд.
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон дар баробари БМТ, Вазорати молия низ захираи тиллову асъор дорад. Маълумот дар бораи ин захираҳо ошкор карда нашудааст.