https://sputnik.tj/20210722/sarosar-tojikiston-omodaboshi-jangi-sanjish---vide--1041086530.html
Баъди занги Раҳмон соати чори субҳ: артиши Тоҷикистон ба ҳолати ҷангӣ гузашт- видео
Баъди занги Раҳмон соати чори субҳ: артиши Тоҷикистон ба ҳолати ҷангӣ гузашт- видео
Sputnik Тоҷикистон
Субҳи барвақт дар ҷумҳурӣ омодагии ҷангии артиш таҳти назорати Эмомалӣ Раҳмон ва сардори Вазорати мудофиа Шералӣ Мирзо санҷида шуд 22.07.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-07-22T10:25+0500
2021-07-22T10:25+0500
2021-07-22T11:56+0500
дар тоҷикистон
санҷиш
артиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/10/1040925795_0:161:3069:1887_1920x0_80_0_0_d07a83f3f675df7ee44d3d1f5f31cc46.jpg
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Бо фармони президенти Тоҷикистон, фармондеҳи олии қувваҳои мусаллаҳи кишвар, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвар қисмҳои ҳарбӣ ба по хестанд. Ин санҷиши омодагии ҷангии артиш таҳти унвони "Марз-2021" бори аввал дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол эълон шуд. Соати чори субҳ бо сигнали бонги хатар 100 ҳазор афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва 130 ҳазор афсарону сарбозони захираи сафарбаркунӣ омода шуданд.Пас аз он, Эмомалӣ Раҳмон инчунин ба пойгоҳи Гвардияи миллӣ дар Душанбе омад, ва вазири дифоъи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо дар бораи омодагии қисмҳо ба гузашти низомӣ гузориш дод. Дар бораи сафарбар кардани беш аз 1023 техникаи зиреҳпӯши ҷангӣ, 3167 техникаи автомобилӣ ва махсус, 447 воситаи артиллерӣ ва миномёт, 234 воситаи мудофиаи зиддиҳавоӣ, 45 тайёраву чархболҳои ҷангиву нақлиётӣ дар самтҳои амалиётӣ ба минтақаҳои иҷрои вазифаи ҷангӣ хабар дода мешавад.Зимни суханронӣ назди ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳ Президент гуфт, ки вазъ дар Афғонистон, бахусус дар минтақаҳои шимолии он бо Тоҷикистон ҳаммарз, бениҳоят душвор ва ғайри қобили пешбинӣ аст. Пас аз он, паради ҳарбӣ бо иштироки хизматчиёни ҳарбӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин афсарону сарбозони эҳтиётӣ оғоз ёфт, ки дар он мошинҳои зиреҳпӯши ҳарбӣ, артиллерияи худгард ва ва дигар техникаҳои низомӣ намоиш дода шуданд.
https://sputnik.tj/20210722/rahmon-tojikiston-artishash-ziddi-hamsoya-namebarad-1041085605.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/10/1040925795_169:0:2900:2048_1920x0_80_0_0_9a0ab5d1d3a220c77f02be293c26a379.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, санҷиш, артиш
дар тоҷикистон, санҷиш, артиш
Баъди занги Раҳмон соати чори субҳ: артиши Тоҷикистон ба ҳолати ҷангӣ гузашт- видео
10:25 22.07.2021 (Навсозишуда: 11:56 22.07.2021) Субҳи барвақт дар ҷумҳурӣ омодагии ҷангии артиш таҳти назорати Эмомалӣ Раҳмон ва сардори Вазорати мудофиа Шералӣ Мирзо санҷида шуд
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Бо фармони президенти Тоҷикистон, фармондеҳи олии қувваҳои мусаллаҳи кишвар, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвар қисмҳои ҳарбӣ ба по хестанд.
Ин санҷиши омодагии ҷангии артиш таҳти унвони "Марз-2021" бори аввал дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол эълон шуд.
Соати чори субҳ бо сигнали бонги хатар 100 ҳазор афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва 130 ҳазор афсарону сарбозони захираи сафарбаркунӣ омода шуданд.
Пас аз он, Эмомалӣ Раҳмон инчунин ба пойгоҳи Гвардияи миллӣ дар Душанбе омад, ва вазири дифоъи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо дар бораи омодагии қисмҳо ба гузашти низомӣ гузориш дод.
Дар бораи сафарбар кардани беш аз 1023 техникаи зиреҳпӯши ҷангӣ, 3167 техникаи автомобилӣ ва махсус, 447 воситаи артиллерӣ ва миномёт, 234 воситаи мудофиаи зиддиҳавоӣ, 45 тайёраву чархболҳои ҷангиву нақлиётӣ дар самтҳои амалиётӣ ба минтақаҳои иҷрои вазифаи ҷангӣ хабар дода мешавад.
Зимни суханронӣ назди ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳ Президент гуфт, ки вазъ дар Афғонистон, бахусус дар минтақаҳои шимолии он бо Тоҷикистон ҳаммарз, бениҳоят душвор ва ғайри қобили пешбинӣ аст.
Пас аз он, паради ҳарбӣ бо иштироки хизматчиёни ҳарбӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин афсарону сарбозони эҳтиётӣ оғоз ёфт, ки дар он мошинҳои зиреҳпӯши ҳарбӣ, артиллерияи худгард ва ва дигар техникаҳои низомӣ намоиш дода шуданд.