ВКХ Русия: ташаннуҷи вазъ дар Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳдид мекунад

© REUTERS \ OMAR SOBHANIВооруженные люди, выступающие против восстания талибов
Вооруженные люди, выступающие против восстания талибов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2021
Обуна шудан
Ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонанд аз низоъ дар Афғонистон осеб бинанд
ДУШАНБЕ, 22 июл - Sputnik. Идомаи таназзули вазъи Афғонистон барои ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳдиди мустақим дорад, менависад РИА Новости.
Ба гуфтаи муовини вазири корҳои хориҷии Русия Андрей Руденко, муқовимати Кобул ва Толибон * дар ниҳоят ба ҳамаи кишварҳои ҳамсоя, ки Афғонистон бо онҳо марз дорад, таъсир хоҳад дошт.

"Таназзули давомдори вазъ дар Афғонистон барои Осиёи Марказӣ таҳдиди мустақим дорад. Мо бо давлатҳои минтақа ҳароси муштарак дорем", - гуфт ӯ.

Руденко аҳамияти нигоҳ доштани ҳамгироии ҳамоҳангшудаи ҳама кишварҳоро бо мақсади кам кардани таъсири манфӣ ба амнияти Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ қайд мекунад.
Учение ОДКБ Взаимодействие-2018 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Русия ва Тоҷикистон ба ҷанг бо Толибон* омодагӣ мегиранд
Ин масъала аллакай дар мулоқоти чоруми роҳбарони мақомоти корҳои хориҷии Федератсияи Русия ва давлатҳои минтақа дар Ӯзбекистон, ки 16 июл дар Тошканд баргузор шуд ва дар изҳороти муштараке, ки пас аз натиҷаҳои он қабул шудааст, баррасӣ шуд.
Ёдовар мешавем, ки тӯли як моҳ дар Афғонистон муқовимати нерӯҳои ҳукуматӣ бо Толибон* идома дорад, ки онҳо манотиқи назаррасро дар деҳот забт карданд ва ба шаҳрҳои калон доранд ҳамла мекунанд.
Эзоҳ: Толибон* созмони террористии мамнӯъ дар Русияву Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0